Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

Риояи қонун ҳатмист

 

Суди ноҳияи Шаҳринав дар маҷлиси ошкорои сайёри суди 02 октябри соли 2018 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Қ.М.С. санаи таваллудаш 20.06.1993 сол, зодаи ноҳияи Шаҳринав, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор, муваққатан бекор, сокини ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Шаҳринав, деҳаи Балхак бо қисми 1-и моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурин Тоҷикистон баррасӣ намуда, чунин муайян кардуқуқрайронкунанда Қ.М.С 13-уми сентябри 2018-ум сол барои баргузор намудани туйи домодии худ аз соати 18-00 то соати 21-00 дақиқаи рӯзи 14.09.2018 аз Ҷамоати деҳоти Шаҳринав таҳти №113 тавсиянома гирифтааст. Худи ҳамон рӯз номбурда, бархилофи талаботи моддаи 10-и Қонуни Қумҳурии Тоҷикистон “Дар 

Идома...

Конститутсия - шиносномаи миллат

 

Вақто ки сухан дар бораи Конститутсия меравад, мо ҳатман ҳомӣ ва тарроҳи ин номаи бахту саодати миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши рў меоварем. Зеро, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҷомаи амал пўшидани орзўи деринаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба соҳибистиқлоли дар чорчубаи арзишҳои фарҳанги буда, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакати мо ба амал бароварда шуд.

Дар Конститутсия ҳар як вожа маъниеро аз воқеияти сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли тарақии таърихи тайнамудаи он ифода мекунад. Конститутсия гувоҳ бар истиқлолият аст, ки дар натиҷаи ба балоғати маънавӣ расидани миллат ба самар расидааст.

Воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқии эътибори баланди ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии давлату миллат маҳсуб меёбад.

 Бисту чор сол муқаддам - рӯзи  6-уми ноябри соли 1994 тавассути райъпурсии умумихалқӣ бо қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо, оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тўли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, муайян намуда, кӯшишу талошҳои  фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид.

Дар таҳияи Конститутсия таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё ба инобат гирифта шуда, он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф гардидааст.

Барои ҳамаи мо боиси ифтихор ва сарфарозист, ки манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, яъне меъёрҳои конститутсионӣ ҳануз дар асри 6–и пеш аз мелод аз ҷониби давлатдорони аҷдодии тоҷикон Ҳахоманишиниён-давраи давлатдории Куруши Кабир ба вуҷуд оварда шудааст. Дар замони ҳукмронии ӯ соли 539 пеш аз мелод Куруши Кабир санади меъёрии хуқуқиеро қабул ва эълон кард, ки он нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва дигар ҳуқуқҳои калидиро эътироф ва татбиқ кардааст.

Баъдтар дар асри X милодӣ, замони хилофати сулолаи Аббосиён, амирони сулолаи Сомонӣ, ки аз аҷдодони гузаштаи мо буданд, нахустин давлати миллии тоҷиконро ташкил намуданд, ки ҳукмронии сулолаи Сомониён (819 – 999) беш аз 180 солро дар бар гирифтааст.

Дар замони давлатдории Сомониён бошад, қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таҳким бахшидани сохтори давлатдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон идома ёфтааст.

Бо гузашти вақт, пас аз ҳазорсолаҳо 9 сентябри соли 1991 тоҷикон боз соҳиби давлати соҳибихтиёру демократӣ шуданд, ки ин ҳодисаи муҳими таърихӣ барои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор гузошт.

Озодии инсон, истиқлолияти миллат ва давлатдории миллӣ, ки Президенти мамлакат ҳануз аз соли 1992 ҳадафи олии худ эълон дошта буд, бо заҳмати шабонарӯзии ӯ ва пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси ин сарзамин пойдор гардид.

Низоми нави давлатдориеро, ки Президенти мамлакат дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарқрезӣ намуд, барои озодии инсон ва ҷомеа заминаҳои воқеӣ муҳайё кард. Ҳамзамон, барои ҳар як шаҳрванд озодии андеша, виҷдон, рақобати солими фаъолияти иқтисодиро фароҳам овард.

Конститутсия заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комил ҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.

Дар он заминаҳои ҳуқуқӣ барои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ фароҳам оварда шуда, оѓози марњалаи сифатан нави инкишофи давлат ва рушди љомеа гардида, халқи тоҷикро ба шоҳроҳи бузурги ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкорона раҳнамуд сохтааст.

Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуда, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт.

Таҷриба собит менамояд, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагии зич доранд.

Зеро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бо мароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.

Муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусияти догма (шахшуда) нестанд ва онҳо доимо дар инкишофанд. Баробари инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ меъёрҳои ҳуқуқие, ки он муносибатҳоро ба танзим медароранд бояд инкишоф ёбанд. Инро ба назар гирифта ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ин рўз се маротиба санаҳои 26.09.1999, 22.06.2003 ва 22.05.2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Охирон маротиба санаи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи ҶТ тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, он ба талаботи имрузаи Тоҷикистон ҷавобгӯ гардонида шуд.

Масъалаҳои муҳиме, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22.05.2016 сол ворид гардид аз инҳо иборат буд:

1. Бо мақсади таъмини мустақилияти пурраи ҳокимияти судӣ Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байн бурда шуд, ки ин имконият медиҳад ҳокимияти судӣ бе дахолати дигар ҳокимияти давлатӣ кадрҳои арзандаро ба вазифаҳои маъмурии хизматӣ давлати дар дастгоҳҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо, Суди иқтисодии вилоят ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судҳои ҳарбї таъин намуда, номзадњои арзандаро ба вазифаи судягї ба Президенти ҶТ пешнињод намоянд.

2. Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсии аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ карда шуд. Мақсади асосии пешбини намудани маҳдудияти мазкур ин аз пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстримистӣ дошта ба шумор меравад.

3. Шакли идоракунии ҶТ шакли идоракунии президентӣ дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар карда шуд.

4. Бо мақсади ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин ва интихоб шуданӣ ҷавонон талаботҳои синну солии баъзе аз мансабҳои олии давлатӣ тағйир дода шуд. Чунончӣ синну сол барои ба вазифаи Президентӣ интихоб шудан 30 сола, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудан 30 солагӣ, ба вазифаи Раис, муовин ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ интихоб шудан 30 солагӣ муқаррар карда шуд.

5. Халқи Тоҷикистон хизматҳои шоистаи Президенти амалкунандаи ҶТ-ро ба назар гирифта, ба ў унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро тақдим намуданд ва тибқи талаботи қисми 5 моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ҳуқуқ дорад ба вазифаи Президентӣ бештар аз ду муњлат пай дар пай интихоб шавад.

6. Синни ниҳоии дар вазифаи судягӣ будан аз конститутсия хориҷ карда шуда, муқаррар намудани он ба ваколати қонуни конститутсионӣ ҳавола карда шуд. Акнуни тибқи талаботи қисми 3 моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои занҳо 58 солагӣ ва барои мардҳо 63 солагӣ мебошад.

Инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳои имлоӣ ворид карда шуд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин рўзи фархунда муборакбод намуда, барояшон саломативу хонаободӣ, пирӯзию сарбаландӣ ва баҳри пешрафту ободии Ватани азизамон муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.

Бигзор Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад!

ВАХДАТ

 

Ваҳдати миллӣ-таҳкимбахши ҳокимияти судӣ.

Ба даст овардани сулҳу Ваҳдат орзуву ормони ҳар як миллат ва халқият ба шумор меравад. Тамоми миллат мекушад, то дар ҷомеа ва давлат сулҳу амони пойдор бошаду онҳо аз ҳавои софу беғубори ВАҲДАТ нафас гиранд. Он Ваҳдате, ки имруз мо аз шарбати он баҳрамандем дар ҷои холӣ ва ба осонӣ ба даст наомадааст. Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, Ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон вақте пойдор гардид, ки ҷанги хонаводасузи бародаркуш тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ ва рукнҳои давлатдориро хароб намуда буд. Маҳс талошҳои ҷонфидокоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Э.Раҳмон буд, ки миллат аз вартаи нобудӣ озод карда шуда, ханда дар лабони ҳар як пиру ҷавони Тоҷикистон ҳувайдо гашт.

Бо баробари пойдории Ваҳдати миллӣ Ҳукумати мамлакат ба мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ эътибора хоса дода, барои мустаҳкам кардани пояи ин мақомотҳо тамоми чораҳоро андешид. Ба ҷумлаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ низоми судии мамлакат, ки таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, шомил мебошад.

Низоми ҳокимияти судии мамлакат руз аз руз такмил дода шуда истодааст. Маҳсули Ваҳдату оромии мамлакат буд, ки аз соли 1991 то ин ҷониб дар мамлакат ислоҳотҳои конститутсионӣ гузаронида шуда, сохтору фаъолияти ҳокимияти судӣ мукаммал карда шудааст. Чунончӣ дар ҳар як маротибаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ба масъалаи ҳокимияти судӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Бар замми ин дар ҷумҳури се маротиба Барномаҳои судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудааст, ки мақсади асосии қабули онҳо мукаммалгардонии ҳокимияти судӣ, зиёд намудани ваколатҳои он, чораҳо бобати мустаҳкам намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ ба шумор меравад.

Пешвои миллат ба ҳокимияти судӣ боварӣ ва эътиқоди хоса доранд ва қариб ҳар сол барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ қонунҳоро ба имзо мерасонанд. Мо кормандони низоми ҳркимияти судӣ Пешвои миллат ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бовар менамоем, ки барои барқарор намудани адолати иҷтимоӣ ва кафолати ҳифзи судии ҳар як шахс дар чорчубаи қонун вазифаи пурмасъул ва бошарафи худро бо дасти дилу нияти пок иҷро менамоем.

20-уми солгарди иди Ваҳдати миллӣ муборак бод ҳамватанони азиз!

 

Раиси суди

ноњияи Шањринав                                             Саидзода М.Ш

НАКШИ ЧАВОНОН ДАР ТАХКИМИ ХОКИМИЯТИ СУДИ

 

      Бояд қайд кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба

 

Идома...

ВАҲДАТ ВОЛОТАРИН АРЗИШИ МИЛЛАТ

 

 

      Гоҳе авроқи таърихи Тоҷикистони биҳиштосои худро мегардонам ва  саҳифаҳои воқеъаҳои солҳои 1991- 1992 ро мехонам, дар назарам як давраи парешонию саргардони,  гумроҳи, бадхоҳии падару писар,  бародару бародар, беумедии модарону хоҳарони тоҷик падидор мегардад. Хушбахтона ҳама он ноумедиҳоро умед оварданд, ҳама он парешониҳоро сарҷамъи оварданд ва ин ҳама гулгулшукуфоиҳо, ободии меҳан маҳз бо шарофати Меъмори ваҳдати миллї, Пешвои миллат,

Идома...

Подкатегории

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06