Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

 А В Б О Ш Ӣ     Ҷ И Н О Я Т    А С Т

     Суди ноҳияи Шаҳринав  дар маҷлиси ошкорои  судӣ дар бинои суди   н. Шахринав  4  феврали   соли 2016-ум   парвандаи ҷиноятиро  бо айбдории М. И. П, санаи таваллудаш 4.10.1979 сол, зодаи н. Шахринав, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон миллаташ тоҷик, маълумоташ  миёна, ихтисос надорад, оиладор, соҳиби 5 фарзанд, пеш суд нашудааст, кор  намекунад, аъзои ягон ҳизб нест, ҷойи истиқоматаш н. Шаҳринав, ҷамоати деҳоти  Истиқлол,  деҳаи Селбур 1. М.Ё.П, санаи таваллудаш 16.09.1984 сол, зодаи   н. Шаҳринав, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, ихтисосаш муҳосиб, оиладор, соҳиби 3 фарзанд,  пеш суд нашудааст, аъзои ягон  ҳизб нест, кор  намекунад, нусхаи хулосаи айбдориро рӯзи 23.10.2015 сол гирифтааст, чораи пешгирияш аз санаи  31.07.2015 сол забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли зист татбиқ карда шудааст, дар содир намудани ҷинояти дар банди "а"-и кисми 3-и м.237-и КҶ Ҷ. Тоҷикистон баррасӣ намуда,  ба далелҳои дар маҷлиси судӣ санҷидашуда баҳо дода суд чунин, муайян кард.

     Судшаванда М.И.П,  рӯзи 01 июли соли 2015-ум тахминан соати 18:30 дақиқа дар сари роҳи мошингарди кӯчаашон, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Селбур-1 ҳамроҳи бародараш М.Ё.П. бо ҳамсояашон ҷабрдида Р.Н.Р. ки дар назди дарвозааш бо падараш М.П.Қ. ва раиси маҳалла  Ҳ. Ф. Р. сокинони хамин деҳа истода, оиди обрави шифти боми амборхонаи Р.Н.Р., маслиҳат мекардаанд, омада байни онҳо муноқиша сар мезанад, ки дар натиҷа бародарон М. И. ва М.Ё.  ҷабрдида Р.Н-ро зери лату куб қарор дода бо ин кирдорҳояшон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба ҷамъият беэҳтироми зоҳир намудаанд. Судшаванда М.И.П. бо ин кирдораш қаноат накарда аз хонаашон як белро оварда бо он як маротиба ба пешонии Р.Н.Р., зада, ба охирин ҷароҳати  ҷисмонӣ мерасонад. Ҷабрдида Р.М.С., ки ба ҷабрдида Р.Н. муносибати хешу табор доштааст, аз ин ҷанҷол огоҳ шуда, ба он ҷо омада, аҳволи Р.Н.Р-ро дида пас ба назди дарвозаи М.И.П. омада, хостааст сабаби ҷанҷолро фаҳмад. М.Ё.П, ки  ғазаболуд будааст, кирдорҳои авбошонаи худро идома дода бо як калтакчӯб ду се маротиба ба сару рӯй ва аъзои бадани Р.М.С зада, ба охирин  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатиаш мерасонад. М.И.П. ва М.Ё.П бо ин  ҳаракатҳои авбошонаи худ  оромии ҷамъиятро халалдор сохта, тӯли 30 дақиқа кирдорҳои ҷинояткоронаашонро идома медиҳанд. Дар натиҷа Р.Н.Р ва Р.М.С ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ  ба саломатиашон бардоштаанд, ки тибқи хулосаи (комиссионӣ) суди-тиббӣ №109 аз 04.09.2015сол ҷароҳати бардоштаи  Р.Н.Р., ба дараҷаи сабукӣ зарари саломати мансуб буда, ҷароҳати бардоштаи Р.М.С. низ тибқи хулосаи суди-тиббӣ №926 аз 08.09.2015-ум сол мансуб ба зарари сабук ба саломатӣ мебошанд

      Бо ин ҳаракатҳояш судшавандагон  М.И.П ва М.Ё.П аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо зӯроварӣ бо истифодаи предметӣ ба сифати силоҳ истифодашаванда дағалона тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд, ки дар беэҳтироми нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, содир намудаанд.

    Судшавандаҳо М.И.П ва М.Ё.П дар маҷлиси судӣ худашонро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор нашумориданд. 

 

Гарчанде, ки судшавандагон худашонро дар содир намудани ҷинояти зикргашта айбдор нашуморанд, ҳам суд гуноҳи онҳоро дар содир намудани ин ҷиноят бо маҷмӯи далелҳои зерини дар маҷлиси судӣ санҷидашуда, исботёфта ҳисобид. Ҷабрдида Р.М шоҳидон А.З, А.А. Т.С, У.Д, Ҳ.Ф, С. Н, Т. К, М.П, М.Р, М.А, С.З, С.И, А.Х, Қ.К, С.М дар маҷлиси судӣ бо нишондодҳои худ гуноҳи айбдоршавандаҳоро исбот намуданд.

Аз ин рӯ суд ҳаракатҳои судшавандагон М.Ё.П ва М.И.П-ро   бо банди "а" кисми 3-и м.237-и КҶ. Ҷ. Тоҷикистон бо аломатҳои авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, бо зӯроварӣ ба шаҳрванд аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо истифодаи предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда банду баст намуд.

Бинобар асосҳои болоӣ бо дастрасии м.  332-335,338, 339,341-344,347-348-и КМҶ. Ҷ. Тоҷикистон  суд чунин, ҳукм кард:

М.Ё.П.ва М.И.П.бо банди "а"-и  қисми 3-и м 237-и КҶ. Ҷ. Тоҷикистон гунаҳкор дониста ба мӯҳлати  5 (панҷ ) сол аз озодӣ  бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомӣ пурзӯр маҳрум сохта шаванд.

Мӯҳлати адои ҷазои М.И.П аз рӯзи 4.02.2016 сол ба ҳисоб гирифта шавад.

Чораи пешгирии М.И.П.забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли зист тағир дода шуда, ӯ аз толори судӣ ба ҳабс гирифта шавад.


                    Раиси суди ноҳияи Шаҳринав                  М. САИДЗОДА

 


                                                                    

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06