Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

БАРҚАРОРИИ ОИЛА

 

   Суди ноҳияи Шаҳринав парвандаи оилавиро бо даъвои Т. С. С нисбати Т.Ф.Ҷ. оиди бекор кардани никоҳ ва рўёнидани алимент баррасӣ намуда, чунин, муайян кард:

Даъвогар Т. С. С даъвояшро бо он асоснок намудааст, ки вай бо ҷавобгар ба тариқи мусулмонӣ оила барпо намуда, никоҳашонро 7.11.2006 сол дар ҷамоати деҳоти Боғистон н. Шаҳринав таҳти №59 ба қайд гирифта будаанд. Аз зиндагии якҷоя соҳиби се фарзанд.  Т.Ҷ.Ф. санаи таваллудаш 1.09.2006 сол, Т. Ҷ Ф. санаи таваллудаш 14.12.2007 сол, Т. А.Ф. санаи таваллудаш 14.07.2009 сол гаштаанд.

    Муносибати никоҳии онҳо то моҳи июни соли 2015-ум давом ёфта будааст. Ҷавобгар дар давоми зиндагияшон нушокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, вайро беасос лату кўб менамудааст. Чизу чорааш дар хонаи ҷавобгар будааст. Айни ҳол фарзандонаш калон шуда, талаботашон ба хўрока ва либос зиёд шуда будааст. Ҷавобгар дар Федератсияи Россия кор карда, дар Тоҷикистон бошад ба устогӣ машғул будааст. Аз ин рў пурсидааст, ки никоҳи онҳо бе додани мўҳлати оштишавӣ бекор карда шуда, барои таъминоти фарзандонаш барои ҳар кадомаш дар як моҳ ба маблағи 300 сомонӣ ҷамъ ба маблағи 900 сомонӣ дар як моҳ рўёнида шавад.

Даъвогар Т. С. С дар маҷлиси судӣ ба тариқи хаттӣ ариза пешниҳод намуда, аз даъвояш даст кашида, пурсид, ки баррасии парвандаи мазкур дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шавад, зеро айни ҳол онхо бо ҳам оштӣ шудаанд ва зиндагӣ карда истодаанд.

Ҷавобгар Т.Ф. Ҷ. дар маҷлиси судӣ баёнот дод, ки дар ҳаҷиҷат айни ҳол онҳо бо ҳам оштӣ шуда, зиндагӣ карда истода будаанд, аз ин рў ҳоҷати мохиятан баррасӣ намудани парвандаи мазкур намонда будааст. Аз суд пурсид, ки аризаи даъвогар Т. С. С қонеъ карда шуда, ба ҳуҷҷатҳои кор ҳамроҳ карда шавад.

Тибқи талаботи қисми 1-и м.43- и КМГ-и Тоҷикистон даъвогар ҳуқуқ дорад аз даъво даст кашад.

Бинобар асосҳои болоӣ бо дастрасии қисмҳои 1 ва 2-и моддаҳои 43 ,225, 229-230-и КМГ ҷумҳурии Тоҷикистон суд таъин кард:

Аз даъво даст кашидани даъвогар Т. С.С аз тарафи суд қабул карда, баррасии парвандаи оилавӣ бо даъвои Т. С. С нисбати Т. Ф.Ҷ оиди бекор кардани никоҳ дар суд қатъ карда шавад.


                      САИДЗОДА М. Ш.      раиси Суди ноҳияи Шаҳринав



  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06