Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

Сохтакорӣ ҳам қаллобӣ аст

миллаташ узбек, маълумоташ миёнаи техникӣ, оиладор соҳиби 4 фарзанд, пеш суд шудааст бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2006 бо модаи 200 қисми 4 банди «д» ва 32-289 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи амвол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳи дорои низомаш сахт маҳкум карда шудааст, муваққатан бекор , сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Деҳқонобод. Дар содир намудани ҷинояти дар модаи 340 қисми 2 бандҳои «б» «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, маводҳои парвандаи ҷиноятиро дар маҷлиси судӣ санҷида муайян кард:

Тахминан охирҳои моҳи июни соли 2013-ум судшаванда ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия қарор доштанаш бо маслиҳати пешакӣ бо шахси ба тафтишот номаълум, барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии қалбакӣ як адад акси худ ва 1000(ҳазор) рубли русӣ медиҳад. Пас аз ҳафт шабонарўз шахси ба тафтишот номаълум бо номи М  шаҳодатномаи ронандагии силсилаи АБ №0653853 дараҷаи АБСДЕ бо арҷи қалбакӣ тайёр намударо оварда медиҳад. Бо мақсади минбаъд истифода бурдани ҳуҷҷати бараъло қалбакӣ онро соҳиб шуда аввалҳои моҳи октябри соли 2014-ум аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада шаҳодатномаи ронандагии қалбакии силсилаи АБ таҳти №0653853 дараҷаи АБСДЕ–ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдааст ки мувофиқи хулосаи эксперт- криминалисти суди РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №56 аз 03 02 2015-ум сол варақаи шаҳодатномаи ронандагӣ бо силсилаи АБ таҳти №0653853, дараҷаи АБСДЕ ба номи С.М.Р  ба талаботи технологияи тайёркунии чопии варақаи шаҳодатномаи ронандагии аслӣ мувофиқат намекунад ва бо тарзи дастгоҳи чопи ранга  иҷро шуда нақши мўҳри даврашакл дар шаҳодатномаи ронандагӣ бо силсилаи  АБ таҳти  №0653853, мавҷуд буда, бо тарзи клишеи мастикӣ гузошта шудааст.

Бо ин ҳаракатҳояш судшаванда аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳатии пешакӣ шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз ўҳдадорӣ озодкунанда бо истифодаи техникаи компютерӣ сохтакорӣ намуда, ҳуҷҷати бараъло қалбакиро истифода намудааст.

Тавре, аз маводҳои парванда ва шахсияти судшаванда С.М. Р. дида мешавад, номбурда барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин санаи 1 июни соли 2006 бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо модаи 200 қисми 4 банди «д» ва 32- 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи амвол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳи дорои низомаш сахт маҳкум карда шудааст. Бинобар сабаби татбиқ намудани як чанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз адои ҷазо санаи 20 октябри соли 2011 озод шудааст, яъне доғи судиаш барҳам   нахўрда, бардошта нашуда боз дар ҳолати ретсидив ҷиноят содир намудааст: ҳукм кард

С.М. Р. бо бандҳои «б» «в» қисми 2-и модаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад.

Нисбати ў бо ҳамин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) солу 6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳи дорои низоми сахт, таъин карда шавад.

Чораи пешгирӣ нисбати С. М. Р. забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли истиқомат тағйир дода шуда , ў аз толори маҷлиси судӣ ба ҳабс гирифта шавад.  Мўҳлати адои ҷазо нисбати С.М.Р. аз 2 марти соли 2015 ба ҳисоб гирифта шавад.

 

Неъматуллозода Г. Н.

Судяи суди  ноҳияи Шаҳринав

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06