Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

АЛИМЕНТ СУПОРИДА МЕШАВАД

ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Меҳргон, дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуда, ба далелҳои дар маҷлиси судӣ санҷидашуда баҳо дода м у а й я н      к а р д:

Судшаванда  Б.Ф моҳи октябри соли 2008 бо шаҳрванд Ҷ. Г. Ҷ ақди никоҳ баста, никоҳашонро дар ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав 24 октябри соли 2008 таҳти №182 ба расмият дароварда, бо номбурда дар деҳаи Меҳргони ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав то моҳи ноябри соли 2012 зиндагонии якҷоя доштааст, ки аз зиндагонии якҷояашон минбаъд онҳо соҳиби ду фарзанд Б. Р. Ф 10 августи соли 2009 санаи таваллудаш ва Б. Х.Ф. 09 ноябри соли 2010 санаи таваллудаш гардидаанд. Бинобар сабаби якдигарнофаҳмӣ минбаъд онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуда, ҳамсараш  Ҷ. Г.Ҷ бо фарзандони ноболиғаш ба хонаи падараш рафтааст. Б. Ф. Ф. дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Шаҳринав аз 04 декабри соли 2012 ўҳдадор гардида будааст, ки ҳар моҳа ба фоидаи ду фарзанди ноболиғаш Б. Р.Ф ва Б.Х.Ф тариқи устувор ба андозаи 100 сомонӣ то ба балоғат расидани фарзандонаш ба фоидаи собиқ завҷааш Ҷ. Г.Ҷ. ҷамъ ба маблағи 200 сомонӣ супорад. Аммо, Б.Ф.Ф., муддати 26 моҳ аз лаҳзаи қабул гардидани ҳалномаи суд бе сабабҳои узрнок маблағи алименти муқарраршударо насупоридааст. Ба он нигоҳ накарда, ки аз тарафи иҷрочиёни суди ноҳияи Шаҳринав 12 декабри соли 2012, 01 октябри соли 2014 ва 15 октябри соли 2014 ў огоҳонида шудааст, ки дар ҳолати бе сабабҳои узрнок барқасдона аз супоридани маблағи алимент саркашӣ намуданаш, Б.Ф.Ф. ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, кирдорҳои ҷинояткоронаашро идома дода, номбурда аз супоридани маблағи алимент, ки аз 12 ноябри соли 2012 то 12 январи соли 2015 муддати 26 моҳ мешавад ва маблағи 5 200 (панҳ ҳазору дусад) сомониро ташкил менамояд, саркашӣ карда истодааст.

Бо ин ҳаркатҳояш судшаванда Б.Ф.Ф. бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ аз қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзанди ноболиғ бадқасдона саркашӣ намудааст.

Суд ҳаракатҳои судшаванда Б. Ф.Ф-ро бо моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои барқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ пешбинӣ кардааст, банду баст менамояд.

Дар вақти таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда Б.Ф. Ф. суд хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро, ки қасдона содир карда шудааст, принсипи фардикунонии ҷазоро, шахсияти судшавандаро, ки худашро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор шуморида, пушаймонӣ изҳор намуданашро, аз ҷойи зисташ ахлоқномаи мусбӣ доштанашро, пеш суд нашуданашро ба назар гирифт.

Раводиди моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷиноятиро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва марҳум сохтан аз озодиро пешбинӣ намудааст. Аз сабаби он, ки Б. Ф.Ф. ҷои кори муайян надошта, бо назардошти он, ки ислоҳи судшаванда бе ҷудо аз ҷамъият имконпазир аст, суд ба хулоса омад,  ки нисбати Б. Ф. Ф. ҷазои ҷиноятиро дар намуди корҳои ислоҳӣ таъин намояд, то ин ки у бо кор таъмин гардида, маблағи алиментро супорад.  

Суд таъини ҷазои корҳои ҳатмиро нисбати судшаванда Б.Ф.Ф. муҳокима намуда, лозим донист нисбати ў ин намуди ҷазоро таъин накунад, зеро таъини ин намуди ҷазо нисбати ў ноил шудан ба мақсади ҷазо шуда наметавонад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 332-335, 338-339, 341-344, 347- 348 ва 350-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд чунин, ҳукм       ка р д :

Б.Ф.Ф. бо моддаи 177-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад.

Нисбати ў бо ин модда ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 1 (як) сол дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқоматии маҳкумшуда Б.Ф. Ф. бо нигоҳ доштани 20% музди меҳнат ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

 

РаҶабов С. А.

Судяи ноҳияи Шаҳринав

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06