Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

Оила барқарор монд

Даъвогар Р.Ф.С бо аризаи номбурда ба суд муроҷиат карда даъвояшро бо он асоснок намудааст, ки бо ҷавобгар Р.З.А моҳи ноябри соли 2007 ба тариқи мусулмонӣ ақди никоҳ баста, никоҳашонро 17-уми ноябри соли 2007 дар ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус таҳти №138  ба расмият дароварда, аз зиндагонии якҷояашон соҳиби ду фарзанд бо номи Ф..Н санаи таваллудаш 30.04.2010 сол ва Р.Н.Ф санаи таваллудаш 17.04.2013 сол гардидаанд. Дар аввали зиндагонии якҷоя муносибатҳояшон хуб буда, дар байни онҳо ҳурмату эҳтиром ҷой доштааст, вале баъдан байни ў ва  ҷавобгар якдигарфаҳмӣ аз байн рафтааст, ҷавобгар нисбати ў беҳурматӣ зоҳир мекардааст ва муносибати ҷавобгар бо ў бадтар гардида, байнашон доимо ҷангу ҷанҷол мешудааст. Бинобар якдигарнофаҳмиашон муносибати оилавии онҳо аз моҳи июли соли 2014-ум қатъ гардидааст. Муддати 4 моҳ мешавад, ки ў бо ҷавобгар зиндагии умумӣ надоранд. Айни ҳол оилаи онҳо қатъиян барҳам хўрда будааст ва имконияти барқарор намудани он намондааст. Аз ин рў аз суд хоҳиш намудааст, ки никоҳи байни ў ва ҷавобгар бе додани мўҳлати оштишавӣ бекор карда шавад. Р.Ф.С дар маљлиси судӣ иброз намуд, ки бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 04.11.2014 сол ба онҳо ба мўҳлати 4 моҳ мўҳлати оштишавӣ дода шуда будааст, мўҳлати додашудаи суд ба онҳо натиҷаи дилхоҳ бахшидааст ва айни ҳол вай бо ҷавобгар оштӣ шудаанд. Аз ин рў вай ба  тариқи хаттӣ ариза пешниҳод намуда, аз даъвояш даст кашида, пурсид, ки баррасии парвандаи мазкур дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шавад, зеро айни ҳол онҳо бо ҳам оштӣ шудаанд ва мақсади давом додани зиндагониашонро доранд ва хоҳиш намуд, ки никоҳи онҳо бекор карда нашавад.

Ҷавобгар Р.З.А  чунин баёнот дод, ки дар ҳақиқат аз ҷониби суд ба онҳо 4 моҳ мўҳлати оштишавӣ дода шуда буд, ки айни ҳол онҳо бо ҳам оштӣ шуда будаанду, бо ҳам мақсади зиндагӣ карданро доранд ва хоҳиш намуд, ки никоҳи онҳо бекор карда нашавад. Мувофиқи талаботи моддаи 225-и КМГ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон агар даъвогар аз даъво даст кашида бошад ва суд онро қабул карда бошад,суд баррасии парвандаро қатъ мекунад. Аз ин рў суд тибқи талаботи қисмҳои 1 ва 2-и моддаи 43 ва моддаи 225-и КМГ –и Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, лозим донист аз даъво даст кашидани даъвогар Р.Ф.С-ро қабул намояд. Бинобар асосҳои боло ва бо дастрасии қисмҳои 1 ва 2 –и моддаи 43 ва моддаҳои 225, 229, 230-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд чунин таъин кард. Аз даъво даст кашидани Р.Ф.С аз тарафи суд қабул карда шавад.

Баррасии парванда бо даъвои Р.Ф.С  нисбати Р.З А оиди бекор кардани никоҳ дар суд қатъ карда шавад.

Бо чунин таъинот боз як оилаи ҷавон барқарор монд.

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06