Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

САРҚОНУН - САНАДИ МУҚАДДАСУ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Сарқонун ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, бе ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.

Сарқонун шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода шуда, асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мебошад.

Бо шарофати қабули сарконун Тоҷикистон чун субьекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, Точикистонро як кишвари бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангдӯст шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум, воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд.
Яке аз дастовардҳои хеле муҳим ва бузурги ҷомеаи мо дар бахши қонунгузорӣ, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид, ин заминагузорӣ ба таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ, аз нахустин рӯзҳои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд.

Вазифаи Комисияи мазкур омӯхтану аз бар намудани таҷрибаи ғании қонунэҷодкунии ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти хусусиятҳои хоси давраи гузариши мамлакат таҳияи Коститутсияи нав ба шумор мерафт. Яъне дар ин санади сарнавиштсоз таҷрибаи пешрафтаи ҷомеаи мутамаддини дунё ба назар гирифта шудааст.
Азбаски мақсади асосии давлати мо эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд демократӣ ва дунявӣ ба асоси иродаи мардум аст, Конститутсияи нави Тоҷикистон ҳама ин арзишҳо ва суннату анъаноти бебаҳои миллӣ ва умумибашариро дар худ таҷассум намудааст.
6 ноябри соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ омода гардида буд, бо ҷонибдории аксарияти овозҳои шаҳрвандони кишвар пазируфта шуд. Ғояи меҳварие, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти нави давлатдории муосири тоҷиконро ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ поя гузошт, дар моддаи якуми Конститутсия барои ҳамеша сабт гашт.

Бояд гуфт, ки бунёди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро майлу иродаи мардум оид ба сохти давлатдорӣ ташкил медиҳад, ки он ҳама аз истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат сарчашма мегирад.
Дар муддати сипаригашта ба мо муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёди ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард, асли озодии виҷдону эътиқод ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшем.

Бо дарназадошти ниёзмандиҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мутобиқи талаботу пешрафти он дар соли 1999 ва дар соли 2003 тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ворид карда шудандӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварданд.

Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.
Қонуни асосӣ пойдевори сохтори конститутсионӣ ва муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи демократии кишвари азизамонро муайян намуда, барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва бунёди давлатдории навин заминаи воқею ҳуқуқӣ гузошт ва вазъи муътадили сиёсӣ, амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин сохт.

Ба манзури идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини иҷрои талаботи Конститутсия ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон имрӯз мо санадҳои ҳуқуқии зиёде таҳия ва қабул намудаем, ки пеш аз ҳама мақсади онҳо таъмини рушди мӯътадили низоми қонунгузории мамлакат маҳсуб меёбад.
Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

Боиси ифтихор аст, ки Сарқонуни кишвар дастгиру рохнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Сарқонунро эҳтиром ва ҳифз намояд.

 

Раиси суди н. Шаҳринав

Муҳаббат Саидова

 

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06