Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

« Риояи адл аз эҳтиром ба Сарқонун оғоз мешавад»

мисли ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва барқарор намудани адолат барои зан -модар осон аст? Атрофи ин ва дигар мавзўъҳо роҷеъ ба ҳузури занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда суҳбате доштем бо Муҳаббат Саидова, раиси суди ноҳияи Шаҳринав.

Судя будан орзу буд  ё сарнавишт?

Мероси падар хоҳӣ, касби падар омўз. Шавқу ҳаваси мисли падар ҳуқуқшинос шудан, маро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бурд. Айёми  донишҷўйӣ саргарми илмомўзӣ паси сар шуду фаъолияти касбиро дар мақомоти адлия оғоз намудам. Чанд муддат дар соҳаи адлия ва ҳуқуқшиноси идораву сохторҳои гуногун кор карда, аз соли 1996 инҷониб дар мақомоти суд фаъолият дорам. Аз овони мактабхонӣ то имрўз боре ҳам дар мавриди интихоби касб эҳсоси пушаймонӣ накардаам. Панди зодмандонам «барои дар зиндагӣ муваффақ гардидан, дар ақидаи худ устувору дар амалӣ шудани орзуҳо ҷидду ҷаҳд бояд кард»  роҳнамои ҳаётам буд.

Судя чӣ рисолатеро ба зимма дорад?

Ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолат, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҷомеа, воқифгардонии аҳолӣ аз пешгирии содиршавии ҷиноятҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вазифаи мо аст. Зеро чунин ҳолатҳое кам нестанд, ки баъзе шаҳрвандон аз надонистани қонун ин ё он ҷиноятро содир мекунанд. Надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Умуман, надонистани қонунҳо мушкили қисме аз аҳолӣ буда, баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи мо  ба ҳисоб меравад. 

Оё дар таҷрибаи судӣ ҳастанд ҳолатҳое, ки ба қавле аз қонунҳои нонавишта кор гирифта шавад? Масалан, гумонбар ҷиноят содир накардааст, вале аз тарс, камсаводӣ ё дигар сабабҳо наметавонад аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунад. Ва дар ин ҳолат баровардани ҳукм ба виҷдони судя ҳавола мешавад.

Дар мақомоти судӣ истилоҳи қонунҳои нонавишта вуҷуд надорад. Ҳама вақт волоияти қонун нақши асосӣ дорад. Вақте парвандаи ҷиноятӣ барои баррасӣ ба суд ворид мешавад, вазифаи судя ин аст, ки парвандаро таҳти омўзиш қарор дода, басанда будани далелҳои онро бисанҷад. Суд мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нест ва тарафи айбдоркунанда ё ҳимояро ҷонибдорӣ намекунад. Тарафи айбдоркунанда ва ҳимоя дар мурофиаи судии ҷиноятӣ барои ҳимояи мавқеи худ ҳуқуқу имкониятҳои баробар доранд. Судя  бошад, дар таҳқиқи пурраи ҳолатҳои парванда барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои тарафҳо шароити зарурӣ фароҳам меорад. Мавҷуд будани далелҳои кофӣ бобати гунаҳкор будани судшаванда,  асос барои баровардани ҳукми айбдоркунӣ мегардад. Ҳукми айбдоркунанда  ба тахмин асос ёфта наметавонад. Бузурге фармудааст:

 

Довариро шеваи ҳаққу адолат гуфтаанд,

Ҳукми ноҳақ пеши мардум қадри довар бишканад.

 

Аз ин рў, барои барқарор намудани адолат ба ғайр аз донишу маҳорати касбӣ, таҷрибаи рўзгор низ мусоидат мекунад. Зеро баровардани ҳукм масъулияти сангин аст. Вақте ҷиноят содир гардид, ҳарчӣ қонун талаб мекунад, бояд иҷро шавад. Умуман, зимни баррасии   парванда касбияту ботаҳаммул будан ба кор меояд, то мардум дар симои судя муҳофизи ҳуқуқу озодиҳои худро бубинанд.

Оё тадбирҳое, ки баҳри таъмини мустақилияти судҳо рўи кор омадаанд, кифоят мекунанд?

Барои таъмини мустақилияти судҳо қонунҳои зиёде қабул гардида, аз тарафи давлат тадбирҳои зиёд андешида шудаанд. Аз ҷумла, қабули барномаи ислоҳоти судӣ, ки он аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни)  Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро маҳз бо қабули ин санади сарнавиштсоз бори аввал таҷзияи  ҳокимият аз рўйи тақсими  он ба шохаҳои ҳокимияти давлатӣ-қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар гардид. Мақомоти судӣ дар баробари  ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Баъдан,  дар ин замина таъсиси суди конститутсионӣ, судҳои ҳарбӣ ва таҷдиди суд-арбитраж  ба суди иқтисодӣ  ба амал омада, дар вилоятҳо судҳои иқтисодӣ  таъсис шуданд. Аз соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар доираи ин барнома кодексҳое, ки аз даврони шўравӣ амал мекарданд, аз нав ба пуррагӣ қабул шуданд. Дар Суди Олӣ, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе коллегияи гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ таъсис ёфт. Инчунин дар низоми судӣ ниҳоди нав – коромўз-судя ҷорӣ гардид. Бо қабули Кодекси  мурофиавӣ - ҷиноятӣ  маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон вобаста ба татбиқи чораи пешгирӣ,  аз қабили ба ҳабс гирифтан, ҳабси хонагӣ ва чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣ, аз ҷумла иҷозат додан ба гузаронидани экспертизаи судӣ, равонпизишкӣ, барои дар беморхонаи равонпизишкӣ ҷой кардани гумонбаршуда ва айбдоршавандае, ки таҳти ҳабс  карор надорад, кофтукоби манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан дур намудан аз вазифа, гўш кардан ва сабт намудани гуфтугўйи телефонӣ ва дигар гуфтугўҳо  аз тарафи суд ё судя амалӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки мустақилияти суд аз ҳар корманди ин даргоҳи адл низ вобастагӣ дорад, ки то кадом ҳад дар андешаву мавқеъгириҳои касбии худ устувор аст. Агар суол ба сатҳи музди маоши судяҳо ҳам иртибот дошта бошад, ҳаминро гуфтаниам, ки кам будани музди меҳнат ба ҳеҷ кас ҳуқуқ намедиҳад, ки даст ба ҷиноят занад.

Ҳузури камшумори занонро дар вазифаҳои раиси суди шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо дар чӣ мебинед?

Теъдоди ками занони роҳбар дар мақомоти судӣ якчанд сабаб дорад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар заминаи кадрӣ барои таъйин намудани раисони суд аз ҳисоби бонувон кам буд, зеро  то солҳои 1990-ум таҳсили духтарон дар факултаи ҳуқуқшиносӣ нисбатан кам мушоҳида мегардид. Масалан, аз 75 нафар ҳамдарсони мо ҳамагӣ 8 нафар духтарон будем, ки бештари онҳо баъди хатми донишгоҳ барои идомаи фаъолият ба мақомоти гуногун ба кор рафтанд. Солҳои охир теъдоди донишҷўёни факултаи ҳуқуқшиносӣ аз ҳисоби духтарони болаёқат меафзояд. Бо мақсади дар амал пиёда сохтани фармони Сарвари давлат «Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» имрўз шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти судӣ меафзояд, аммо барои тарбияи як ҳуқуқшиноси ҷавон то ба сатҳи раиси суд вақт лозим аст.

Ба андешаи Шумо огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон дар кадом сатҳ қарор дорад?

Вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавон сатҳи маърифати ҳуқуқии мардумро баҳогузорӣ намуд. Ҳоло дар ноҳияи Шаҳринав раванди тозае мушоҳида мешавад, ки мардум  бештар ба мақомоти судӣ такя намуда, муроҷиати онҳо тайи солҳои охир зиёд гаштааст ва далели он зиёд шудани теъдоди парвандаҳои баррасишаванда мебошад. Ин ҳолат гувоҳи боло рафтани маърифати  ҳуқуқии аҳолӣ аст ва шаҳрвандон медонанд, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳояшон бояд ба суд муроҷиат намоянд.

Сокинони ноҳияи Шаҳринав бештар оид ба кадом мушкилиҳо ба суд муроҷиат мекунанд?

Солҳои охир бештар парвандаҳои оилавӣ дар робита ба бекор кардани ақди никоҳ, рўёнидани алимент, маскун намудан ба манзили истиқоматӣ, инчунин баҳсҳо вобаста ба истифодаи замин ба суд ворид гашта, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Аз рўйи парвандаҳои баррасишуда  дар ноҳия содиршавии кадом ҷиноятҳо бештар мушоҳида мегардад?

Ба суд парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба авбошӣ, дуздӣ ва қаллобӣ бештар ворид мешаванд. Аз ин бармеояд, ки содиршавии чунин намуд ҷиноятҳо дар ноҳия  зиёдтар аст.

Суҳбати мо дар арафаи ҷашни 20 - солагии қабули Конститутцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, лутфан бигўед, ки қабули он дар бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон чӣ аҳамият дошт?

Яке аз дастовардҳои бузурги ҷомеаи мо дар бахши қонунгузорӣ, ки дар Иҷлосияи 16- уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид, ин заминагузорӣ ба таҳия ва қабули Конститутсияи нав буд. Бояд гуфт, ки дар қабули ин санади сарнавиштсоз таҷрибаи пешрафтаи ҷомеаи мутамаддини дунё ба назар гирифта шудааст. Чӣ тавре нухбагони сиёсии кишвар иброз доштанд, мақсади асосии давлати мо эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар асоси иродаи мардум буда, дар Конститутсияи Тоҷикистон ҳама арзишҳо ва суннату анъаноти миллӣ ва умумибашарӣ таҷассум шудааст. Ғояи меҳварие, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти нави давлатдории муосири тоҷиконро ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ поя гузошт, дар моддаи якуми Конститутсия барои ҳамеша сабт гашт.

Бо шарофати қабули Конститутсия чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро ба сифати мардуми бунёдкор, сулҳпарвар шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғи фурўзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Мусоҳиб Ҷамолиддин Сайфиддинов

Ҳолнома: Муҳаббат Саидова, зодаи ноҳияи Ҳисор. Соли 1981 баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Кўлоб ба  факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1986 онро хатм кардааст. Фаъолияти касбии худро ба ҳайси мушовири шуъбаи адлияи шаҳри Кўлоб оғоз намуда, ҳамчун ҳуқуқшинос дар идораву сохторҳои гуногун ифои вазифа намудааст. Аз соли 1996 ба мақомоти судӣ ба кор омада, нахуст судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон ва аз соли 1998 то 2000 – ум судяи суди шаҳри Кўлоб буд.  Аз соли 2000 то 2003 судяи суди шаҳри Қўрғонтеппа, аз соли 2003 то 2010 судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Солҳои 2010-2012 судяи суди шаҳри Душанбе ва аз моҳи августи соли 2012 то имрўз раиси суди ноҳияи Шаҳринав аст. Оиладор, соҳиби  3 фарзанд.

 

 

 

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06