Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

ВАҲДАТ КАФИЛИ СУЛҲУ СУББОТ.

ароӣ мебошад.

Имрӯз яке аз ҳадафҳои муҳиму пайгиронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат Пешвои Миллат Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таҳкими Ваҳдати миллӣ, таъмини истиқлолияту озодӣ, ҳифзи амнияту таъмини суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишвар буда, бо шарофати сулҳу суббот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ такя бо аҳли зиё, мақомотҳои кудратӣ, нерӯи созандаи ҷавонон ва мардуми сулҳхоҳу сулҳпарвари ватан дар ин ҷода комёб шуда истодаем.

Асосан ҳамаи ин пешравиҳо аз файзи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расида буд, руйи кор омада, дар комил гардидани давлати Тоҷикистон ҳамчун як заминаи фарох хизмат менамоянд. Яъне, мо имрӯз дар назди насли ҷавон гуфта метавонем, ки ҷавҳари асосии инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди сиёсиву ҳуқуқии кишварамон дар натиҷаи саъю талоши хирадмандонаи роҳбари давлат ва мардуми сулҳдусти кишвар, дар заминаи самараи Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст. Бинобар ин, мо ин санадро на танҳо ҳамчун пойдоркунандаи истиқлолияти давлатӣ ва созиши умумимиллӣ қабул намудаем, балки онро баръало, мисли ғояи умумимиллӣ дар қатори мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва сулҳу субббот пазируфтаем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муроҷиатномаи худ, пас аз ба даст омадани Созишномаи истиқрори сулҳ, бо чунин суханон баромад намуданд: "...ҷидду чаҳд ва умедвориҳои 5 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рўзи саид 27-уми июни соли 1997 ҷомаи амал пушид. Гуфта метавонам, ки насли имрузаи миллати тоҷик ҳарчанд, дар ибтидо пешпо хурда бошанд ҳам, аммо, баъдан, пирузӣ ба даст оварданд. Ба зудӣ васвасаи қаҳриманонро аз худ дур андохта, ақли солим ва хиради дурбинонаи худро ба кор бурданд".

Имрӯзҳо дар заминаи боэътимоди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, ҳуқуқ, маънавиёт ва фарҳанг муайян карда шуда, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд шароитҳои густурда фароҳам оварда шудаанд.

Бо шарофати ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам ниҳод. Ин пайвастагӣ имрӯз мавқеи сиёсии кишвари моро дар сиёсати хориҷӣ муайян намуда, барои ҳамкориҳои муфид бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ роҳи озодро кушод. Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналхалқӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқӣ- байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти ӯ ҳамчун давлати комилҳуқуқи мустақил ба­рои ноил шудан ба сулҳи пойдор, таъ­мини сулҳ ва бехатарии байналхалқӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои ин­сон, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол, равона карда мешавад.

Ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Со­змони конфронси Исломӣ, Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар муносибатҳои мавҷуда, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд, ки ин ҳама натиҷаи Ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқи азизи кишварамон мебошад.

Тавре маълум аст, имрӯз авзои сиёсии чаҳон хеле мураккаб гардидааст ва ин хатари ҷиддӣ кишвари моро низ бетараф намегузорад. Во­баста ба шароити мавҷуд буда, ри­солати мо, фарзандони ватандусти кишвар пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки дар иҷрои вазифаи хеш барои ҳифз намудани Ватани азизамон Тоҷикистон ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем. Қабл аз ҳама кушиш намоем, ки дар кишвар сулху суббот, ваҳдату ягонагиро пойдору мустаҳкам нигоҳ дорем.

 

Саидназарзода Акмалҷон Саидназар.

Корманди дасгоҳи суди н.Шаҳринав

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06