Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

БАРОИ САРКАШИ АЗ АЛИМЕНТ ПАСИ ПАНҶАРА

ти 2 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ягон ҳизб нест, сокини ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Боғистон, деҳаи Ниҳолпарвар, нусхаи хулосаи айбдориро рўзи 25.01.2019 сол гирифтааст, чораи пешгирияш аз 24.01.2019 сол дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шудааст.

Дар содир намудани ҷиноятӣ бо моддаи 177 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро баррасӣ намуда, маводҳои парвандаи ҷиноятиро дар иртибот бо далелҳои дар ҷаласаи судӣ дарёфт кардашуда, мавриди таҳлил ва санҷиш қарор дода, музокираи тарафҳоро шунида, сухани охирини судшавандаро гўш карда, чунин,-

 

М У А Й Я Н   К А Р Д:

 

Судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Шаҳринав аз 12.08.2011 сол, бояд ба фоидаи собиқ ҳамсараш яъне ҷабрдида Амонова Тахмина Туймуродовна барои таъминоти фарзандони хурдсолаш Амонова Марҷона Ҷаъфаровна санаи таваллудаш 21.01.2006 сол ва Муҳаммадҷони Ҷаъфар санаи таваллудаш 06.05.2007 сол, аз 03.08.2011 сол сар карда, ҳар моҳ ба андозаи 120 сомонӣ барои ҳар кадомаш ҷамъ ба маблағи 240 сомонӣ алимент то ба синни балоғат расидани фарзандонашон бо тариқи устувор пардохт мекард. Аммо судшаванда Назаралиев Ҷ.Н. пас аз баромадани ҳалномаи суд дар бораи руёнидани алимент онро сарфи назар карда, маблағи зикршударо то ба имрўз қисман аз санаи 03 августи соли 2011 то санаи 03 ноябри соли 2013 барои 27 моҳ ҳамаги ба маблағи 6478 сомонӣ пардохт карда, боқимонда маблағро аз санаи 03 декабри соли 2013 то санаи 03 январи соли 2019 барои 62 моҳ, ки дар маҷмуъ 14 882 сомониро ташкил медиҳад, бе сабабҳои узрнок бадқасдона саркаши намуда, ба фоидаи ситонанда яъне ҷабрдида Амонова Т.Т. пардохт накардааст. Судшаванда Назаралиев Ҷ.Н. бо баҳонаи он, ки гуё собиқ ҳамсараш Амонова Т.Т. фарзандонашро ба ў нишон намедиҳад, бе сабабҳои узрнок бадқасдона аз супоридани алимент саркашӣ намудааст.

Бо ин ҳаркатҳояш судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич бидуни сабабҳои узрнок аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ бадқасдона саркаши намудааст.

Судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич дар мурофиаи судӣ худашро бо айби нисбаташ эълон кардашуда бо моддаи 177 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ҳисобида, чунин нишондод дод, ки санаи 9 октябри соли 2004 бо шаҳрванд Амонова Тахмина Туймуродовна бо тариқи мусулмони ақди никоҳ баста оиладор шудаанд. Сипас, бо Амонова Т.Т. дар хонаи волидони ў, воқеъ дар суроғаи н.Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Боғистон, кўчаи 70 солагӣ бо пешбурди хоҷагии умумӣ зиндагониашонро шуруъ намудаанд. Аз ин зиндагии якҷояшон соҳиби 2 фарзанд Амонова Марҷона Ҷаъфаровна санаи таваллудаш 21.01.2006 сол ва Муҳаммадҷони Ҷаъфар санаи таваллудаш 06.05.2007 сол гардидаанд. Вале моҳи июни соли 2011 бо сабаби нофаҳмии оилавӣ аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Ҳамсараш ду нафар фарзандонашро ба тарбияи худ гирифтааст. Бо ҳамин моҳи августи соли 2011 ўро ба суди н.Шаҳринав даъват намудаанд. Ба онҷо ҳозир гашта фаҳмидааст, ки собиқ ҳамсараш Амонова Т.Т. аз болояш бо аризаи даъвогӣ оиди муқаррар намудани падари ва руёнидани алимент барои таъмин ва тарбияи фарзандони хурдсолашон муроҷиат намудааст. Дар навбати худ суди ноҳия аризаи мазкурро баррасӣ намуда, бо ҳалномааш аз 12.08.2011 сол падарии ўро нисбати фарзандони ноболиғашон Амонова М. ва Муҳаммадҷони Ҷ. муқаррар намуда, аз ҳисоби ў ба манфиати Амонова Т.Т. барои таъминоти фарзандонашон Амонова М. ва Муҳаммадҷони Ҷ. бо тариқи устувор ҳар моҳ ба андозаи 120 сомонӣ барои ҳар кадомаш ҷамъ барои 2 нафар фарзандони ноболиғашон 240 сомонӣ аз рўзи 03.08.2011 сол сар карда, то ба синни балоғат расидани фарзандонашон алимент руёнида шудааст. Ў пас аз ба қувваи қонуни даромадани ҳалномаи суд алиментро ҳамаги як чанд маротиба аз санаи 03 августи соли 2011 то санаи 03 ноябри соли 2013 барои 27 моҳ ҳамаги ба маблағи 6478 сомонӣ пардохт карда, боқимонда маблағро аз санаи 03 декабри соли 2013 то санаи 03 январи соли 2019 барои 62 моҳ, ки дар маҷмуъ 14 882 сомониро ташкил медиҳад то ба имрўз насупоридааст. Ў пеш то солҳои 2014 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар намуда, дар онҷо кор карда фоидаи хуб медидааст. Ғайр аз ин, ў дар Тоҷикистон аз хоҷагиҳои деҳқонӣ замини кишту кор ба иҷора гирифта, онро коркард карда, аз ин ҳисоб фоидаи хуб ба даст меовардааст. Ў қуввати супоридани маблағи алиментро доштааст, вале вақтҳои охир ба бемории сутунмуҳра гирифтор шуда, дигар кор карда натавонистааст. Сабаби саркаши ва пардохт накардани маблағи алимент ин аз тарафи собиқ ҳамсараш Амонова М. нишон надодани фарзандонашон будааст. Дар оянда низ кушиш мекардааст, ки маблағи алиментро сари вақт пардохт намояд. Бинобар аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ягон ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ҷабрдида Амонова Тахмина Туймуродовна дар маҷлиси суди пурсида шуда чунин нишондод дод, ки ў санаи 9 октябри соли 2004 ба шаҳрванд Назаралиев Ҷафар Назаралиевич бо тариқи мусулмонӣ акди никоҳ баста, ба шавҳар баромадааст. Сипас, бо шавҳараш Назаралиев Ҷ.Н. дар хонаи хусуру хушдоманаш, воқеъ дар суроғаи н.Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Боғистон, кўчаи 70 солагӣ бо пешбурди хоҷагии умумӣ зиндагониашонро шуруъ намудаанд. Аз ин зиндагии якҷошон соҳиби 2 фарзанд Амонова Марҷона Ҷаъфаровна санаи таваллудаш 21.01.2006 сол ва Муҳаммадҷони Ҷаъфар санаи таваллудаш 06.05.2007 сол гардидаанд. Вале моҳи июни соли 2011 бо сабабҳои ба ў номаълум шавҳараш ҷавоби ўро бо тариқи мусулмонӣ дода, оилаи дигар барпо намудааст. Ў ҳардуи фарзандонашро ба тарбияи худ гирифтааст. Минбаъд ў ба суди ноҳияи Шаҳринав бинобар шароити пасти зиндагӣ ва дар ягон ҷо кор накарданаш санаи 3 августи соли 2011 бо аризаи даъвогӣ нисбати Назаралиев Ҷ. оиди муқаррар намудани падари ва руёнидани алимент барои таъмин ва тарбияи фарзандони хурдсолашон муроҷиат намудааст. Дар навбати худ суди ноҳия бо ҳалномааш аз санаи 12.08.2011 сол даъвои ўро қисман қонеъ намуда, падарии Назаралиев Ҷ.Н.-ро нисбат ба фарзандонашон Амонова М. ва Муҳаммадҷони Ҷ. муқаррар намуда, аз ҳисоби Назаралиев Ҷ., ба манфиати ў барои таъминоти фарзандонашон Амонова М. ва Муҳаммадҷони Ҷ. бо тариқи устувор ҳар моҳ ба андозаи 120 сомонӣ, барои ҳар кадомашон ҷамъ ба маблағи 240 сомонӣ аз рўзи 03.08.2011 сол сар карда, то ба синни балоғат расидани фарзандонашон алимент руёнида шудааст. Вале, собиқ шавҳараш Назаралиев Ҷ. пас аз ба қувваи қонуни даромадани ҳалномаи суд алиментро аз санаи 03 августи соли 2011 то санаи 03 ноябри соли 2013 барои 27 моҳ ҳамаги ба маблағи 6478 сомонӣ пардохт карда, аз ин як қимашро ба тариқи почта ва як қисми дигарашро бе варақаҳои пардохт ба дасташ дода будааст, боқимонда маблағро аз санаи 03 декабри соли 2013 то санаи 03 январи соли 2019 барои 62 моҳ, ки дар маҷмуъ 14 882 сомониро ташкил медиҳад то ба имрўз насупоридааст. Бо ҳамин собиқ шавҳараш Назаралиев Ҷ. аз пардохти алимент саркаши намуда, маблағи алиментро насупорида истодааст, ки қарзи вай айни ҳол дар назди ў ба маблағи 14 882 сомонӣ расидааст. Собиқ шавҳараш Назаралиев Ҷ. шароити супоридани маблағи зикршударо доштааст, чунки вай бо муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар карда аз ин ҳисоб даромади хуб доштааст. Аз суд пурсид, ки нисбати судшаванда Назаралиев Ҷ. дар доираи қонун ҷазо таъин карда шавад.

Дар рафти мурофиаи судӣ шоҳид Амонова Лайло Туймуродовна айнан ба монанди шоҳид Амонова Тахмина Туймуродовна нишондод дод.

Шоҳид Муҳсидинов Хусрав Мирзошоевич дар маҷлиси судӣ пурсида шуда чунин нишондод дод, ки дар истеҳсолоти иҷроиши ў истеҳсолоти иҷроиши таҳти №20 аз 09.01.2012 сол дар асоси варақаи иҷрои таҳти №2-287/11 аз 22.11.2011 сол бо ҳалномаи суди ноҳияи Шаҳринав аз 12.08.2011 сол аз ҳисоби қарздор яъне судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич ба фоидаи ситонанда яъне ҷабрдида Амонова Тахмина Туймуродовна барои таъминоти фарзандонашон Амонова Марҷона Ҷаъфаровна санаи таваллудаш 21.01.2006 сол ва Муҳаммадҷони Ҷаъфар санаи таваллудаш 06.05.2007 сол ҳар моҳ ба тариқи устувор ба андозаи 120 сомонӣ барои ҳар кадомашон ҷамъ барои 2 нафар 240 сомонӣ то ба синни балоғат расиданашон сар карда аз 03.08.2011 сол алимент муқаррар карда шудааст, дар марҳилаи иҷроиши қарор доштааст. Вале судшаванда Назаралиев Ҷ.Н. аз рўзи баромадани ҳалномаи суд, маблағи алиментро қисман қисман аз санаи 03 августи соли 2011 то санаи 03 ноябри соли 2013 барои 27 моҳ ҳамаги ба маблағи 6478 сомонӣ пардохт карда, боқимонда маблағро аз санаи 03 декабри соли 2013 то санаи 03 январи соли 2019 барои 62 моҳ, ки дар маҷмуъ 14 882 сомониро ташкил медиҳад, бе сабабҳои узрнок бадқасдона саркаши намуда, ба фоидаи ҷабрдида Амонова Т.Т. пардохт накардааст. Судшаванда Назаралиев Ҷ.Н., ба муроҷиатҳои онҳо умуман аҳмият надода, имрўзу пагоҳ карда, аз пардохти боқимондаи маблағ саркаши мекардааст. Ҳатто ба даъватҳои онҳо итоат накарда, ба идораашон ҳозир намешудааст. Айни ҳол қарзи судшаванда Назаралиев Ҷ.Н. дар назди ситонанда яъне ҷабрдида Амонова Т.Т. барои 62 моҳ яъне санаи 03 декабри соли 2013 то санаи 03 январи соли 2019 ба маблағи 14882 сомонӣ расидааст.

Шоҳид Муқимов Аҳмадали Назаралиевич дар маҷлиси судӣ пурсида шуда чунин нишондод дод, ки ў бародари судшаванда Назаралиев Ҷафар мебошад ва вобаста ба ҳолати кор ҳаминро қайд кард, ки дар ҳақиқат бародараш Назаралиев Ҷафар моҳи октябри соли 2004 бо ҷабрдида Амонова Тахмина оила барпо намуда, зинадагониашонро дар хонаи падару модари онҳо шуруъ намудаанд. Аз ин зиндагии якҷояшон соҳиби 2 фарзанд Амонова Марҷона Ҷафаровна 21.01.2006 соли тавалудаш ва Муҳаммадҷони Ҷафар 06.05.2007 соли таваллудаш гардидаанд. Вале бо кадом сабаб ў намедонад соли 2011 онҳо аз як дигар ҷудо шудаанд ва янгааш Амонова Т.Т. ҳардуи фарзандонашро ба тарбияи худ гирифтааст. Ҷабрдида Амонова Т.Т. баъдан ба суди н.Шаҳринав вобаста ба муқаррар намудани падари ва руёнидани алимент барои тарбия ва нигоҳу бини фарзандонашон муроҷиат кардааст. Дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Шаҳринав аз 12.08.2011 сол падарии бародараш Ҷафар нисбати фарзандонаш Марҷона ва Муҳаммадҷон муқаррар карда шуда, аз ҳисоби бародараш Ҷафар ба манфиати ҷабрдида яъне янгааш Тахмина барои таъмин намудани фарзандонашон Марҷона ва Муҳаммадҷон ҳар моҳ барои ҳар кадомаш 120 сомонӣ ва барои 2 нафар 240 сомонӣ то ба синни балоғат расидани фарзандонашон алимент муқаррар карда шудааст. Ин маблағро бародараш яъне судшаванда Назаралиев Ҷафар қисман пардохт мекардааст. Ғайр аз ин, ў низ як чанд маротиба маблағи мазкурро ба янгааш яъне ҷабрдида Амонова Т.Т. дода будааст. Боз барои фарзандонаш лобосвори низ бурда медодааст. Айни замон маълум гаштааст, ки бародараш то ба имрўз 14 882 сомонӣ қарздор мебошад. Онҳо бародарон кушиш мекардаанд, ки маблағи мазкурро рўзҳои наздик пардохт мекунанд. Бародараш Ҷафар пеш вақт ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар карда, аз ин ҳисоб даромади хуб доштааст. Айни замон саломатии бародараш баъд шуда, ба бемории сутунмуҳра гирифтор мебошад.

Ба ғайр аз ин гуноҳи ў боз дар содир намудани ҷиноятӣ мазкур бо нишондодҳои ҷабрдида ва шоҳидон, ҳуҷҷату маводҳои ҷамъовардаи мақомоти тафтишоти пешакӣ аз қабили гузориш аз санаи 23.01.2019 сол, ки тибқи он қарзи судшаванда Назаралиев Ҷ.Н. дар назди ситонанда яъне ҷабрдида Амонова Т.Т. барои 62 моҳ яъне санаи 03 декабри соли 2013 то санаи 03 январи соли 2019 ба маблағи 14882 сомонӣ ташкил медодааст, ки судшаванда бе сабабҳои узрнок аз пардохти он бадқасдона саркаши намуда истодааст, (в.к. 3)., аризаи ҷабрдида Амонова Т.Т. ба унвонии прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди аз ҷониби судшаванда сари вақт насупоридани маблағи алимент барои таъминоти фарзандонашон (в.к. 5-6)., мактуби иҷрочии хадамоти иҷро дар ноҳияи Шаҳринав Муҳсидинов Х.М. ба унвонии прокурори ноҳияи Шаҳринав оиди он, ки қарзи судшаванда Назаралиев Ҷ.Н. дар назди ситонанда яъне ҷабрдида Амонова Т.Т. ба маблағи 14882 сомонӣ ташкил медодааст (в.к. 15)., бо истеҳсолоти иҷро таҳти №20 аз 09.01.2012 сол, қарор дар бораи оғози истеҳсолоти иҷро аз 09.01.2012 сол ва варақаи иҷроия таҳти №2-237/11 аз 22.11.2011 сол (в.к. 16-18)., бо ҳалномаи суди ноҳияи Шаҳринав аз 12 августи соли 2011 оиди аз ҳисоби қарздор Назаралиев Ҷ.Н. ба фоидаи ситонанда Амонова Т.Т., руёнидани маблағи алимент барои таъминоти ду нафар фарзандони ноболиғашон Амонова Марҷона Ҷаъфаровна санаи таваллудаш 21.01.2006 сол ва Муҳаммадҷони Ҷаъфар санаи таваллудаш 06.05.2007 сол ҳар моҳ ба тариқи устувор ба андозаи 120 сомонӣ барои ҳар кадомашон ҷамъ барои 2 нафар 240 сомонӣ аз рўзи 03.08.2011 сол сар карда, то ба синни балоғат расиданашон алимент рўёнида шудааст, (в.к. 19)., бо уҳдадориҳои хаттӣ аз 10.01.2012 сол барои он, ки қасдан саркашӣ намудан аз пардохти алимент бо моддаи 177 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбини шудааст (в.к. 21)., бо протоколи рўбарукуни байни судшаванда Назаралиев Ҷ.Н. ва ҷабрдида Амонова Т.Т. (в.к. 45-47) ва бо дигар маводҳои дар қабати парванда мавҷуд буда, тасдиқи пурраи худро ёфтааст.

Ҳамин тариқ дар асоси далелҳои ҷамъовардашуда суд ба хулоса омад, ки судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Шаҳринав аз 12.08.2011 сол, бояд ба фоидаи собиқ ҳамсараш яъне ҷабрдида Амонова Тахмина Туймуродовна барои таъминоти фарзандони хурдсолаш Амонова Марҷона Ҷаъфаровна санаи таваллудаш 21.01.2006 сол ва Муҳаммадҷони Ҷаъфар санаи таваллудаш 06.05.2007 сол, аз 03.08.2011 сол сар карда, ҳар моҳ ба андозаи 120 сомонӣ барои ҳар кадомаш ҷамъ ба маблағи 240 сомонӣ алимент то ба синни балоғат расидани фарзандонашон бо тариқи устувор пардохт мекард. Аммо судшаванда Назаралиев Ҷ.Н. пас аз баромадани ҳалномаи суд дар бораи руёнидани алимент онро сарфи назар карда, маблағи зикршударо то ба имрўз қисман аз санаи 03 августи соли 2011 то санаи 03 ноябри соли 2013 барои 27 моҳ ҳамаги ба маблағи 6478 сомонӣ пардохт карда, боқимонда маблағро аз санаи 03 декабри соли 2013 то санаи 03 январи соли 2019 барои 62 моҳ, ки дар маҷмуъ 14 882 сомониро ташкил медиҳад, бе сабабҳои узрнок бадқасдона саркаши намуда, ба фоидаи ситонанда яъне ҷабрдида Амонова Т.Т. пардохт накардааст. Судшаванда Назаралиев Ҷ.Н. бо баҳонаи он, ки гуё собиқ ҳамсараш Амонова Т.Т. фарзандонашро ба ў нишон намедиҳад, бе сабабҳои узрнок бадқасдона аз супоридани алимент саркашӣ намудааст.

Аз ин ру суд ҳаракатҳои судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевичро бо моддаи 177 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғро пешбини кардааст, банду баст менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 60-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъини ҷазо суд принципи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ба назари эътибор мегирад.

Ба сифати ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук мекунанд нисбати судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич мувофиқи моддаи 61-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба гуноҳаш пурра иқрор буда, пушаймони изҳор намуданашро, ба тафтишоти пешакӣ ва судӣ барои ҳалли объективонаи кор ёри доданашро, дар тарбия ва таъминоташ кудакони хурдсол доштанашро, аз ҷойи зисташ ахлоқномаи хуб доштанашро ба назари эътибор мегирад.

Ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо дар кирдори судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич тибқи моддаи 62-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бо мақсади ғараз содир намудани ҷиноят мебошад.

Тибқи талаботи моддаи 8-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусиятӣ ҳуқуқи ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда татбиқ мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳгор мувофиқ бошанд.

Мутобиқи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.02.2005-ум сол «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъини ҷазо», «Судҳо ҳангоми таъин намудани ҷазо бояд шахсияти судшавандаро ҳамматарафа пурра ва объективона таҳқиқ намоянд, аз он ҷумла муносибати судшаванда ба меҳнат, хониш, қарзи ҷамъияти, рафтор дар истеҳсолот ва ҷои истиқомат, коршоями, оила ва пеш маҳкум нашуданашро муайян намуда, бо назардошти ин ҳолатҳо ҷазои мувофиқ бояд таъин намоянд».

Мутобиқи қисми 2-и моддаи 46-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад.

Дар вақти таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич суд хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро, ки бадқасдона содир карда шудааст, принсипи фардикунонии ҷазоро, ба гуноҳаш пурра иқрор буданаш, самимона пушаймон афсус мехурад, аз ҷойи зисташ ахлоқномаи мусби доштанашро, дар тарбия ва таъминоташ кудакони хурдсол доштанашро ба назар гирифт.

Мутобиқи талаботи қисми 2-и моддаи 66-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳлати ҷазо дар ҳолати ретсидиви ҷиноятҳо на камтар аз нисфи мўҳлати ҳадди аксари намуди ҷазои сахте, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ шудааст, буда наметавонад.

Тибқи талаботи қисми 6-и моддаи 67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон агар пас аз баровардани ҳукм аз рўи парванда муқаррар гардад, ки маҳкумшуда дар содир намудани ҷинояти дигари то баровардани ҳукм аз рўи парвандаи аввал низ гунаҳгор мебошад, ҷазо бо қоидаҳои дар ҳамин модда зикргардида таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои аз рўи ҳукми аввали суд адогардида ба мўҳлати ниҳоии ҷазо ҳисоб карда мешавад.

 

Аз баски судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич ҷиноятӣ бо моддаи 177 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро то баровардани ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав аз 21.01.2019 сол содир намудааст, аз ин рў суд лозим донист нисбати ў дар доираи раводиди моддаи 177 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти қисми 2-и моддаи 66 ва қисми 6 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намояд.

Суд маблағи алимент ба миқдори 14 882 сомонӣ сомониро муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки он айни ҳол барқарор карда нашудааст ва вобаста ба ин варақаи иҷроияи суд таҳти №2-237/11 аз 22.11.2011 сол мавҷуд мебошад ва такроран рўёнидани онро мувофиқи мақсад намешуморад.

Суд ҳамчунин тибқи моддаи 336 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мукаллафии судшавандаро муҳокима намуда бо маълумотномаҳои дар парванда мавҷудбуда ва ҳангоми баррасии парванда аз худи судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич муайян намуд, ки ў мукаллаф мебошад.

Суд мўҳлати адои ҷазо судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевичро муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки муҳлати адои ҷазои судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич аз рўзи 08.02.2019 сол ба ҳисоб гирифта, муҳлати адогардидаи ҷазои Назаралиев Ҷафар Назаралиевич аз рўи ҳукми аввал яъне ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав аз 21.01.2019 сол, ки то рўзи баровардани ҳукми мазкур 19 рўзро дар бар мегирад, ба муҳлати ниҳоии ҷазои ў ба ҳисоб гирифта шавад.

Суд масъалаи чораи пешгирии судшаванда Назаралиев Ҷафар Назаралиевич дар ҳабс нигоҳ доштанро муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки он мисли пештара бе тағйир мононда шавад.

Бо назардошти ҳолатҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 332-336, 338-339, 341-344,     347-348 ва 350-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд чунин,-

 

Ҳ у к м   к а р д:

 

Назаралиев Ҷафар Назаралиевич бо моддаи 177 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад.

Ў бо ҳамин модда ба мўҳлати 2 (ду) сол аз озодӣ маҳрум сохта шавад, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умуми.

Бо дастрасии қисми 6-и моддаи 67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудан аз ҷазои бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав аз 21 январи соли 2019 таъингашта, ҷазои ниҳои нисбати Назаралиев Ҷафар Назаралиевич 3 (се) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шавад.

Муҳлати адои ҷазои Назаралиев Ҷафар Назаралиевич аз рўзи 08.02.2019 сол ба ҳисоб гирифта шуда, муҳлати адогардидаи ҷазои Назаралиев Ҷафар Назаралиевич аз рўи ҳукми аввал яъне ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав аз 21.01.2019 сол, ки то рўзи баровардани ҳукми мазкур 19 рўзро дар бар мегирад, ба муҳлати ниҳоии ҷазои ў ба ҳисоб гирифта шавад.

Чораи пешгирии Назаралиев Ҷафар Назаралиевич дар ҳабс будан мисли пештара бе тағйир монда шавад.

Нисбати ҳукм тарафҳо дар муддати 10 (даҳ) шабонарўз, судшаванда бошад, дар ҳамин мўҳлат аз лаҳзаи гирифтани нусхаи ҳукм ба воситаи ҳамин суд ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва ё эътироз баён намуда метавонанд.

 

Раисикунанда:                                         Раҷабзода С.А.

 

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06