Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

Ҷазо барои риоя накардани танзим

МУАЙЯН   КАРД:

 

Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав дар якҷояги бо бахш оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди МИҲД-и ноҳияи Шаҳринав санҷиши вазъи риояву иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро дар Ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав мавриди санҷиш қарор додаанд.

Дар рафти санҷиш муайян карда шудааст, ки ҳуқуқвайронкунанда Б.Ҷ.З., бархилофи талаботи қисми 6-и моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, санаи 10-уми марти 2019-ум сол барои гузаронидани маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ва ҷамоати деҳот ва барпо намудани туйи домодии фарзандаш ба хонаи арусшаванда бо 8 адад автомашинаи сабукрав омадааст, ки бо ин кирдори худ талаботи қонунгузориро вайрон намудааст.

Бо ин ҳаракатҳояш ҳуқуқвайронкунанда Б.Ҷ.З., кирдори дар қисми 1-и моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо, яъне барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳоро содир намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Б.Ҷ.З., дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, пушаймони изҳор намуда, чунин нишондод дод, ки дар ҳақиқат санаи 10-уми марти 2019-ум сол вай барои гузаронидани туйи домодию арўсии писараш аз Ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов тавсиянома гирифтааст. Худи ҳамон рўз аз сабаби надонистани қонун вай барои гузаронидани маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ва ҷамоати деҳот ва барпо намудани туйи домодии фарзандаш ба хонаи арусшаванда бо 8 адад автомашинаи сабукрав омадааст, ки дар натиҷа нисбаташ протокол тартиб дода шуда, нисбати вай парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. Аз кирдори содирнамудааш самимона пушаймони изҳор намуда, аз суд хоҳиш намудааст, ки нисбаташ ҷазои ҷаримаи пастар таъин карда шавад.

Ба ғайр аз худиқрории ҳуқуқвайронкунанда Б.Ҷ.З., гуноҳи ў боз бо маводҳои зерини парванда аз ҷумла, бо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз санаи 11.03.2019-ум сол, бо санад аз санаи 10.03.2019-ум сол, бо қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз санаи 11.03.2019-ум сол, бо баёноти додаи ў, шоҳидон, огоҳинома ва тавсияномаи ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав ва ғайра исботи пурраи худро ёфт.

Ҳолатҳои сабуккунандаи ҳуқуқвайронкунанда Б.Ҷ.З., тибқи талаботи моддаи 49 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз кирдори содирнамудааш самимона пушаймони изҳор намуданаш мебошад.

Ҳолатҳои вазнинкунанда тибқи талаботи моддаи 50 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кирдори Б.Ҷ.З., дида намешавад.

Ҳамин тариқ судя кирдори хуқуқвайронкунанда Б.Ҷ.З.-ро бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо банду баст менамояд.

Ҳангоми таъини ҷазои маъмурӣ суд ҳолатеро, ки хуқуқвайронкунанда Б.Ҷ.З., ба гуноҳаш пурра иқрор буда пушаймони оварданашро, бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, софдилона аз кардааш пушаймон будан ва пеш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашуданашро ба назар гирифта, лозим донист, ки нисбати ў ҳадди поёнии ҷаримаро дар доираи раводиди моддаи қисми 1-и моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷаримаро таъин намояд.

Бинобар асосҳои болои бо дастрасии моддаҳои 140, 141, 142 Кодекси мурофиаи ҳуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон судя чунин,-

 

ҚАРОР   КАРД:

 

Б.Ҷ.З. бо қисми 1-и моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад.

Нисбати ӯ бо ҳамин модда ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне баробар ба 5500 (панҷ ҳазору панҷсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

Аз болои қарор дар муддати даҳ рӯз тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва ё эътироз овардан мумкин аст.

 

                    Судяи суди

                    ноҳияи Шаҳринав:                                  Раҷабзода С. А.

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06