Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

ПАЁМ АСОСИ ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

ПАЁМ АСОСИ ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

 

“Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро танҳо суде таъмин карда метавонад, ки нерӯманд ва дахлнопазир бошад”

 

Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли навин ба парламенти мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Ироа шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст.

Яъне Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар айни замон, дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.

Тавре Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣқайд намуданд: “Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад. Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.”

Бояд қайд намуд, ки нақши Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти судӣ, рушду нумӯи фаъолияти он, мустаҳкам гардонидани сохтор ва ҳалли масоили иҷтимоии он, инчунин тавсеаи муносибатҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ ниҳоят бузург аст.

Тадбирҳои Пешвои миллат бо роҳи такмили қонунгузории соҳаи судӣ, тасдиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, Паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ, баромаду вохуриҳо ва қабули санадҳои дахлдор оид ба беҳдошти вазъи иҷтимоии мақомоти судӣ ва судяҳо амалӣ карда мешавад.  

Бо мақсади таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, васеъ намудани ваколатҳои мақомоти судӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 23 июни соли 2007 таҳти №271 “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010” қабул гардид. Барномаи мазкур ба таҳкими ҳокимияти судӣ, такмили қонунгузории мурофиавӣ ва васеъ намудани ваколатҳои мақомоти судӣ дар давраи то судии парвандаҳои ҷиноятӣ такони бузурге дод.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, таҳкими сохтори судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо санаи 03 январи соли 2011 таҳти №976 “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013” ва санаи 05 январи соли 2015 “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017” қабул карда шуда буданд, ки онҳо низ мақому манзалати ҳокимияти судиро баланд бардоштанд.

Дар Паёми навбатӣ, Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва тақвият бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, таъмини баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ зарур шумориданд, ки барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 қабул карда шавад.

Вобаста ба ин барои қабули барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки барномаи мазкур дар давраи омодашавӣқарор дорад.

Қабул шудани барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омили пешрафти ҳокимияти судӣ ва тақвияти кафолати конститутсионии ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ба шумор меравад. Амалӣ шудани он омили муҳими пешрафти ҷомеа мебошад.

Воқеан пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайванди ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, яке аз ҳуқуқҳои универсалии инсон ва шаҳрванд ин ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, тамоми давлатҳои демокративу ҳуқуқбунёд кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҷомеа нақши ҳокимияти судиро баланд бардоранд. Зеро муҳимтарин ва асоситарин ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд тавассути ҳокимияти судӣ маҳдуд карда шуданаш мумкин аст.

Аз давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳокимияти судӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд. Ин боис гардид, ки соли 1991 ҳангоми қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда шуд. Сипас муқаррароти мазкур соли 1994 ҳангоми ба тариқи райъпурсии умумихалқӣқабул намудани Конститутсияи нахустини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар моддаи 9 он мустаҳкам карда шуд.

Татбиқи усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар як вақт муқаррар кардани рукни гуногуни онро дар назар дорад. Ин нуқта аз он бармеояд, ки вазифаҳои давлатӣ бояд бо тарзу усули муайян, маҳз бо роҳи демократӣ ва услуби ҳуқуқӣ-конститутсионӣ аз тарафи давлат ҳал карда шаванд. Танзими ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифзи тартибот, таъмини бехатарии давлатӣ ва амнияти мардум вазифаи муҳими давлатӣ мебошад. Ин вазифаҳоро бо роҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ташаккули низоми сиёсии ҷамъият ва таъмини якдилии сиёсӣ амалӣ гардондан мумкин аст. Вобаста ба ин, барои таъмини иҷрои ин вазифа ҳокимияти давлатӣ мувофиқи моддаи 9 Конститутсия ба се рукни нисбатан мустақил ба қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣҷудо карда шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки дар асоси ин усул мақомоти давлатие бояд ташкил ёбанд, ки вазифаҳои фақат ба онҳо хосро иҷро намоянд.

Мутобиқи моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Адолати судӣ ба асосҳои демократие қарор мегирад, ки аз моҳият ва вазифаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ бармеоянд. Ин асосҳоро усулҳои адолати судӣ меноманд ва онҳо дар Конститутсия ва қонунҳо муқаррар карда шудаанд.

Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосӣ ва усулҳои ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти судиро ба қадри даркорӣ ба танзим андохтаанд. Мувофиқи он ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқу озодии шахс, манфиати давлат, созмону муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд. Вазифаи суд дар Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва муқаррар кардани усули адолати иҷтимоӣ мебошад.

Мақомоти судӣ бо мақсади ба амал баровардани адолати судӣ, баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои парвандаҳои конститутсионӣ, парвандаҳои шаҳрвандон, ки ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дахл доранд, баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва татбиқи чораи ҷазои қонун муайян карда нисбати шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят айбдоранд, ё ки сафед кардани шахси бегуноҳ, ташкил карда мешаванд.

Адолати судӣ асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистонро, ки дар Конститутсия муқаррар шудааст, хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоии давлатро аз ҳар гуна сӯиқасд ҳимоя менамояд. Ғайр аз ин адолати судӣҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрвандон, манфиати давлат, созмону муассисаҳо, ташкилотҳо, қонуният ва адолатро, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои ҷумҳурӣ эълон намудаанд, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳифз менамояд. Барои амалӣ гардонидани ин вазифаҳо судҳо салоҳияти махсус доранд. Онҳо маҷбуркунии давлатиро дар ҳолатҳои зерин ба кор мебаранд: бекор кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҷазо додани гунаҳкорон барои содир кардани ҷиноят, барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таъмини маҷбурии ӯҳдадории ба иҷро нарасондаи ҳуқуқӣ-шаҳрвандии инсон ва ё ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғайра.

Ҳамаи ин чораҳои судманд моро водор менамояд, ки парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва ғайраро саривақт бо риояи муҳлатҳои пешбиникардаи қонун баррасӣ намуда, қарорҳои қонунӣ ва асоснок қабул намоем, кафили воқеии ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассиса, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бошем.

Бо дониши баланд, ахлоқи ҳамида, фаъолияти бенуқсон дар кори баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, ободии ватан саҳм гузорем.

 

Раиси суди ноҳияи Шаҳринав            Саидзода М.Ш.

 

Мутахассис-мушовири

суди н.Шаҳринав Мирзозода М.Ҳ.

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06