Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

Истиқлолият – дастоварди тақдирсоз

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту ҳафт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуќўъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне эълон карда шуд, ки оташи ҷанги хонаводасузӣ бародарӣ сар зада истода буд. Аксаран давлатҳои ҷаҳонӣ, ки дар ҳолати буҳрони сиёсиву иқтисодӣ истиқлолияти худро ба даст оварда буданд, ба буҳронҳои мавҷуда истодагарӣ карда натавониста, ру ба таназзур карда буданд. Аммо маърифати баландӣ мардуми тоҷик ва кордониҳои безаволи сарвараш имконият дод, ки дар вазъи номуташанниљи сиёсиву иќтисодии давлат аз вартаи маҳмшавӣ нигоҳ дошта шуд.

Душвортарин муаммои мо дар зарфи бисту њафт сол ин масъалаи истиқлолияти  энергетикӣ буд, ки баъди ба кор андохтани агрегати якуми Неругоњи барќи обии "Роғун", яъне иншооти таќдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тољикистон, орзуи чандин солаи мардуми шарифу зањматќарини тољик амалї гардид, ки як ќадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба њадафи якуми стратегии миллї истиќлолияти энергетикї ба њисоб меравад.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони, барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.        

     Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту њафт сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, тањкими Истиқлолият, устувор  гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани  сатҳ  ва  сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти  босуръати  илму  техника ва раванди  қувват  гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ  инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Бахшида ба 30 солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон  дар қаламрави  љумҳуриамон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани чандин иншоотҳо дар назар аст.

         Моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, ба хусус ҷавонон нуфуз пайдо кунанд.

       Самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

         Бигзор нуру зиёи Истиќлолият то абад роњи Тољикистони азизамонро ба сўи ояндаи обод равшан созад ва Тољикистони мањбуби мо зери парчами истиќлол пеш равад, ободу зебо ва мутараќќиву нерўманд гардад.

 

 

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06