Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

Ҷазо барои ақидаҳои мамнўъ!                                

Суди нохияи Шахринав дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои ҷамоати деҳоти Шаҳринав 3-юми майи соли 2018-ум парвандаи ҷиноятиро бо айбдории А.М.Н, санаи таваллудаш 4.04.1986 сол, зодаи н.Шаҳринав, миллаташ узбек, маълумоташ миёна оиладор,соҳиби 2 фарзанд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаблан суд нашудааст, кор намекунад, аъзои ягон ҳизб нест, сокини н.Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Чуст, деҳаи Узун, бо қисми 2 моддаи 3073 -и   КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ба далелҳои дар маҷлиси судӣ санҷидашуда, баҳо дода суд чунин, муайян кард.

         Судшаванда А.М аз соли 2012 аз аъзои равияи динии «Салафия» Х.К. Ҳ. ақидаҳои ин равияро омўхта, ҳамчун аъзои равияи динии «Салафия» фаъолият намуда, дар фаъолияти он иштирок карда, дар байни сокинони ноҳияи Шаҳринав бо рафтор ва намуди зоҳириаш фаъолона якҷоя бо дигар ҳаммаслакони ҷиноятиаш Х.К.Ҳ., ва дигарон ақидаҳои динии мазмуни экстремистидоштаи равияи «Салафия» ва ѓайри мазҳаби Эмоми Аъзамро паҳн намудааст.

           Вай фаъолона ба ташвиқу тарѓиби фаъолияти равияи динии мазкур ва бартарии он аз дигар мазҳабҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман амалкунанда машѓул шуда, бо мақсади нишон додани бартарии ақида ва ѓояҳои динии ин равия тарзи намозгузориашонро таѓйир дода, дидаю дониста ба пайравии таълимоти динии равияи экстремистии «Салафия», ки фаъолияти он дар асоси Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 декабри соли 2014 ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф ва манъ карда шудааст, машѓул шудааст.

         Бо ин ҳаракатхояш судшаванда А.М дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, иштирок намудааст.

Судшаванда А.М. дар маҷлиси судӣ худашро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳкор шуморида, пушаймонӣ изҳор намуд.

Ба ѓайр аз пурра худиқрории судшаванда А.М суд гуноҳи ӯро дар содир намудани ҷиноят бо маҷмуи далелҳои зерини дар маҷлиси судӣ санҷидашуда,исботёфта меҳисобад.Чунончи:

Шоҳидон Х.К. Р.И Д.У. М.М. А.И. Б.Б дар нишондодҳои худ гуноҳи А.М-ро тасдиқ намуданд. Ҳамин тариқ дар асоси далелҳои ҷамъовардашуда суд ба хулоса омад, ки судшаванда А.М аз соли 2012 аз аъзои равияи динии «Салафия» Х.К.Ҳ ақидаҳои ин равияро омўхта, ҳамчун аъзои равияи динии «Салафия» фаъолият намуда, дар фаъолияти он иштирок карда, дар байни сокинони ноҳияи Шаҳринав бо рафтор ва намуди зоҳириаш фаъолона якҷоя бо дигар ҳаммаслакони ҷиноятиаш Х.К.Ҳ ва дигарон ақидаҳои динии мазмуни экстремистидоштаи равияи «Салафия» ва ѓайри мазҳаби Эмоми Аъзамро паҳн намудааст.

           Вай фаъолона ба ташвиқу тарѓиби фаъолияти равияи динии мазкур ва бартарии он аз дигар мазҳабҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман амалкунанда машѓул шуда, бо мақсади нишон додани бартарии ақида ва ѓояҳои динии ин равия тарзи намозгузориашонро таѓйир дода, дидаю дониста ба пайравии таълимоти динии равияи экстремистии «Салафия», ки фаъолияти он дар асоси Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 декабри соли 2014 ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф ва манъ карда шудааст, машѓул шудааст.

Аз ин рў суд ҳаракатҳои судшаванда А.М-ро бо қисми 2 моддаи 307 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломатҳои ҷиноятиро барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудаастбанду баст намуд.

Аз баёнотҳои аввалиндараҷаи додаи судшаванда А.М маълум мешавад, ки ки то ҳол вай дар равияи динии экстремистии "Салафия" қарор дошта, то ҳол ба тарзи ин равия пешбининамуда, намоз мегузорад.(в.к10). Гузашта аз он аз нишондоди шоҳид Б.Б дар рафти тафтишоти судӣ маълум мешавад, ки баъди он, ки Д.У-ро соли 2017-ум дастгир намуда будаанд, А.М ҳамчун аъзои равияи "Салафия" аз ин ҳолат хабар ёфта, ба Ф Россия гурехта рафта будааст..

Ваҷхи дигари судшаванда А.М оиди он, ки вай намедонистааст, ки ин кирдори вай ҷиноят аст, қобили кабул нест, зеро тибқи талаботи м. 42-и Конститутсияи Ҷ Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Дар вақти таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда А.М. суд хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро, ки бадқасдона содир карда шудааст, принсипи фардикунонии ҷазоро, ба гуноҳаш пурра иқрор буда, пушаймонӣ изҳор намуданашро, аз ҷойи зисташ ахлоқномаи мусбӣ доштанашро, ба тафтишоти пешакӣ ва судӣ барои ҳалли объктивонаи парванда ёрӣ доданашро ба назар гирифта, лозим донист дар доираи раводиди қисми 2 моддаи 307 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо таъин намояд.

Бинобар асосхои болоӣ бо дастрасии м. 332-335,338, 339,341-344,347-348-и КМҶ Ҷ. Тоҷикистон суд чунин,ҳукм кард:

А.М.Н. бо қисми 2 моддаи 307 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунахкор дониста шавад.

  Ў бо ҳамин модда ба муҳлати 5 (панҷ) сол аз озодӣ маҳрум карда, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзур муайян карда шавад.

             


   М.Саидзода               Раиси Суди Ноҳияи Шаҳринав                                                                     .                                                                            

                   

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06