Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

 Модар- офарандаи ҳаёт.

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. - Э.Раҳмон


Модар ноёбтарин неъмати дунё, сарманшаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ў фонуси хаёли мост. Канори модар дабистони кудакии инсон аст. Шояд ҳамин бошад, ки абармардони олам, шоҳон, шоирон ва олимони машҳури сайёра назди хидмати модар сари таъзим фуруъ оварданд. Шоири тавонои миллат Л.Шералӣ дар радифи ҳикмати аркони сухан модарро ба замин, офаридаи табиат монанд кардааст. Бо як илҳоми шоирона гуфтааст:


Ту монанди замин танҳои модар,

Ту монанди замин яктои модар.


Пайдост, ки орифону фозилон, косибону олимон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рў, донистани қадру манзалати модар вазифаи муқаддаси мост. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад.

Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғуши гарми модар қимати ўро хубтар дарк мекунад. Зеро баҳри фарзанд мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Барҳақ шоир фармудааст:


Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

То ба пои худ равон гаштем саргардон шудем.


Модар зан аст. Зан бошад олиҳаи ҳусну малоҳат. Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст.

Ҳамаи ин хислатҳои модар боис гардид, ки дар ҷаҳон иди модарон пайдо гардад. Рузи модарон-идест бахшида ба занон, ки дар баъзе кишварҳо 8 март ҷашн гирифта мешавад. Аввалин санаи ҷашнгирии рузи байналхалқии занон 19 март таъин шуда буд. Бори аввал рузи байналмилалии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Шветсия маҳз 19 март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 он дар ҳамон кишварҳо, вале 12 май баргузор гардид. Соли 1913 дар Олмон онро 12 март, дар Австрия, Чехия, Венгрия, Шветсария, Голландия 9 март, дар Фаронса ва Руссия 2 март ҷашн гирифта буданд. Танҳо соли 1914 дар тамоми ҷаҳон рўзи байналхалқии занонро 8-уми март ҷашн гирифтанд, чунки рузи ғайрикорӣ-якшанбе буд ва баъд аз он ин ҷашн дар ҳамин руз қарор гирифт. Аз соли 1965 бо Қарори Президиуми Шурои Олии ИҶШС 8-уми март ҳамчун рузи ғайрикорӣ эътироф гардид.     

Баъд аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ 8-уми март чун иди бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монд. Он дар дигар мамлакатҳои муштаракулманофеъ аз қибили Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Гурҷистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Туркманистон ва Украина чун рўзи байналхалқии занон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Белорусия ва Ҷумҳурии Узбекистон чун рузи модар, дар Арманистон 7-уми апрел чун рўзи «Модар ва Зебоӣ» ҷашн гирифта мешавад.  

Хушбахтона, имруз соҳае нест, ки дар онҳо занҳо кор накунанд ва дар ҷамъияти имрўза занҳо дар баробари мардҳо истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гул мекунад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Э.Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои беҳбудии вазъи занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд. Аз рузҳои авали Истиқлолияти давлатӣ то ба имрўз бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» баҳри аз байн бурдани мушкилоти гендерӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

Таҳия, қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти беҳдошти вазъи занон, аз ҷумла Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлати оид ба таъмини хуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», қонунҳои Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқадмандбарои солҳои 2007-2016, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Барномаи давлатии пешгирии зуровариумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 барои беҳтар намудани сатҳи ииҷтимоию иқтисоди, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зуровари нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намуданд.

Бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, №496 Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 қабул гардид, ки барои баланд гаштани обруву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда замина гузошт. Дар минбаъда низ барои ҷалб ва пешбари намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 қабул гардид, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2017 таҳти №158 тасдиқ карда шуд.

Мақсаду ҳадафи Ҳукумати мамлакат ин таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ мебошад. Ин низ аз бузургиву беҳамтоии зан-модар-офаридгор дар замин бакъд аз Худованди меҳрубон мебошад, далолат медиҳанд. Ва беҳуда шоир нафармудааст, ки:


Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.

Зан набошад нест дар рўи замин нақши ҳаёт,

Дон, ки бе зан то абад гил бимонад пои мо!


Идатон муборак офарандагони ҳаёт-модарони азиз!


Саидзода М.Ш.- Раиси суди ноҳияи Шаҳринав

                                                 Ҳамроқулзода Б.А.- Корманди дастгоҳи суди ноҳияи Шаҳринав.

 

 

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06