Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

 Тартиби мурофиавии сафедкунӣ (реабилитатсия).

Дар таҳқиқу тафтишот ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ субъектони мурофиаи ҷиноятӣ мумкин аст ба саҳву хатогиҳо роҳ диҳанд. Ин хатогиҳо бо таъсири ду омил пайдо мешавад: омилҳои объективӣ ва омилҳои субъективӣ. Бинобар ин, дар қонунгузори институте мавҷуд аст, ки он имконият медиҳад, шахсоне, ки гирифтори ин хатогиҳои субъектони мурофиаи ҷиноятӣ шудаанд, ки онро сафедкунӣ (реабилитатсия) меноманд.

Сафедкунӣ аз калимаи лотунии rehabilitatio- барқароркунӣ, баргаштан ба ҳолати аввалаи шахс мебошад. Сафедкунӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ ин товони зарари ба шахсони бегуноҳ дар натиҷаи тафтишоти ҷиноятӣ расонидашуда мебошад.

Институти мазкур дорои таърихи ташаккули худ мебошад. Аллакай дар даврони Шуравӣ ин масъала зери таҳлили олимон қарор гирифта буд. То соли 1981 шахсоне, ки бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, новобаста аз муҳлати ҷавобгарӣ ба андозаи маоши ду моҳаашон зарари ба онҳо расонидашуда товон карда мешуд. Дар таърихи 18 майи соли 1981 аз ҷониби Раёсати Шурои Олии ИҶШС қарор Дар бораи товони зарари ба шаҳрвандон расонида дар натиҷаи амал ва ё беамалии макомотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ” ва дар баробари он Низомнома дар бораи татбиқи он қабул карда шуд. Ин қарор ва низомнома барои ташаккули институти сафедкунӣ дар қаламрави давлати Шуравӣ ва давлатҳои пасошуравӣ нақши муҳим бозидааст. Аммо ин ду ҳуҷҷат товони зарари маънавиро муқаррар накарда буд.

Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин масъала дар сатҳи олии конститутсионӣ муқаррар карда шуд, ки дар моддаи 1-уми он Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд эътироф карда шуд, ки ин меъёрро моддаи 5-и Конститутсия дар арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои вай шарҳ дод. Дар моддаи 21-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки «ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад». Агар ин меъёрро шарҳ диҳем маълум мегардад, ки дар зери истилои «ҷабрдида» на он шахсоне, ки аз ҷинояти шахсони ҷиноятсодиркарда зарар дидаанд, балки он ҷабрдидагонро дар назар дорад, ки онҳо дар натиҷаи таъқиботи ҷиноятии мақомотҳои ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо зарари моддӣ ва маънавӣ дидаанд. Зеро он зараре, ки аз ҷониби ҷинояткорон ба ҷабрдида расонида мешавад, на ин ки аз тарафи давлат, балки аз тарафи худи шахси ҷинояткор ҷуброн карда мешавад.

Меъёри Конститутсияро ба назар гирифта масъалаи сафедкуниро қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ яке аз фазифаҳои худ эътироф намудааст, ки дар моддаи 2 қ.3-и КМҶ ҶТ оварда шудааст: «Тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ инсон ва шаҳрвандро аз беасос айбдор ва маҳкум кардан, ѓайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ў ҳимоя мекунад ва дар ҳолати гунаҳгор донистан ё маҳкум намудани шахси бегуноҳ ўро бетаъхир сафед менамояд.»

Сафедкунӣ ва дигар намудҳои ҷуброни зарар. Дар КМҶ ҶТ 5 меъёри он масъалаи сафедкунӣ бахшида шудааст, ки ин қ.3 м.2, қ.3 м.234, қ.2 м.340, қ.2 м.418 ва моддаи 463 ва як боби алоҳида оид ба ҷуброни зарар боби 47 бахшида шудааст. Аз ин мсаълум мегардад, ки сафедкуни аз ҷуброни зарар тафовут дорад. Чи тавре қайд кардем сафедкунӣ ин барқарор намуд ба ҳолати пештара аст. Дар зери мафҳуми ҷуброни зарар бошад талафӣ намудани зарар (зарари моддӣ ва маънавӣ) фаҳмида мешавад. Яъне истилои сафедкунӣ нисбат ба истилои ҷуброн васеътар мебошад. Қонунгузории ҷиноятӣ (моддаи 85-и КҶ ҶТ) шартҳо ва шахсоне, ки сафед карда мешаванд, муқаррар намудааст. Агар сафедкунӣ ин барқарор намудан ба ҳуқуқҳои пештара мебошад, пас саволе ба вуҷуд меояд, ки кадом ҳуқуқҳо барқарор карда мешавад ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва ё шахсии ғайримолумулкӣ? Аз рўи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии ҶТ бар меояд, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ ҳамаи ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва ҳуқуқҳои ғайримолу мулкӣ барқарор карда мешавад. Зеро дар қисми 2 моддаи 85-и КҶ ҶТ пешбинӣ шудааст: «ҳамаи ҳуқуқҳои шахси сафедшуда пурра барқарор карда, аз ў ва дар ҳолати зарурӣ аз хешовандони ў аз номи давлат узр хоста мешавад, ки дар ҳолати ба нашр мухолиф набудани ў ва хешовандонаш дар матбуоти маҳалли зисти шахси сафедшуда ба табъ расонида мешавад» дар қисми 3 ҳамин мода оварда шудааст: «заререро, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи ғайриқонунӣ макҳкум кардан ё ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан расонида шудааст, давлат пурра талафӣ менамояд» аз ин меъёрҳо бар меояд, ки дар қисми 2 сухан оид ба ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ (номи нек, муносибати атрофиён, шаъну шараф, қадру қиммат ва ғ.) ва дар қисми 3 оид ба ҳуқуқҳои молу мулкӣ меравад. Боз саволе ба вуҷуд меояд, ки зарари маънавие, ки аз таъқиботи ҷиноятӣ ба шахс расонида шудааст, чи гунна барқарор карда мешавад? Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, дар асоси муқаррароти қонунгузории гражданӣ (қ.2 м.1115)ҷуброни зарари маънавӣ танҳо тариқи пулӣ сурат мегирад. Аз ин маълум мегардад, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ тартиби ҷуброни зарари маънавиро ба танзим намедарорад. Зеро дар асоси муқаррароти қонунгузории мурофиавии гражданӣ зарари маънавӣ бо тартиби муқаррарот оид ба мурофиаи даъвогӣ бо пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ оид ба руёнидани зарари маънавӣ ҳал карда мешавад.

Шахсоне, ки бояд сафед карда шаванд. Дар асоси муқарраоти моддаи 85-и КҶ ҶТ шахсе, ки :

- ҷиноят содир накардааст;

- беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст;

- ғайриқонунӣ маҳкум гардидааст, (моддаи 85-и Кодекси ҷиноятии ҶТ)

- шахсе, ки нисбаташ ҳукми сафедкунанда баромадааст(баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм) (моддаи 340-и КМҶ ҶТ);

- шахсе, ки таъқиботи ҷинояташ бо асосҳои сафедкунанда қатъ карда шудааст(мавҷуд набудани таркиби ҷиноят, иштирок накардани шахс дар содир кардани ҷиноят ва ғ.) (қ.3 .моддаи 234 КМҶ ҶТ)

- шахсе, ки нисбаташ чораҳои маҷбурии хусусияти тиббӣ таъин карда шудааст ва аз ҷониби суд бекор кардани қарори ғайриқонунӣ ва беасос оиди татбиқи ин намуди маҷбуркунӣ(қ.3 м.449 КМҶ ЧТ);

- гумонбаршуда ва айбдоршавандае, ки нисбат ба ҳамин масъала ҳукм, таъинот, қарори судии ба қувваи қонунӣ даромада доранд.(қ.м.20-и Конститутсияи ҶТ).

Дар Федератсияи Россия қонуни махсусе вуҷуд дорад,(Қонуни ФР «Дар бораи сафед кардани шахсоне, ки қурбони таъқиботҳои сиёсӣ гаштаанд») ки дар асоси он як катигорияи дигар шахсон сафед карда мешаванд- инҳо шахсоне, ки аз таъқиботҳои сиёсии даврони Шуравӣ бо истилои «душмани халқ» маҳкум шудаанд вам ё шудаанд. Ҷиҳати амалии ин нафаронро мо аз ду қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум(Лутфуллоев) ва Шириншоҳ Шоҳтемур медонем, ки дар аввалҳои мавҷудияти ҳокимияти Шуравӣ «душмани халқ» эътироф шуда, сипас сафед карда шуда буданд.

Шахсоне, ки сафед карда намешаванд. Аз рўи таҳлили қонунгузорӣ бармеояд, ки чунин шахсон ба сафедкунӣ ҳуқуқ надоранд:

- шахсе, ки гуноҳаш дар содир намудани ҷиноят исбот шуда, ҳукми айборкунӣ бароварда шудааст, аммо аз руи қонуни авф парвандааш қатъ гардидааст;

- шахсе, ки муҳлати таъкиботи ҷинояти содиркардааш гузаштааст;

- шахсе, ки дар вақти содир кардани ҷиноят ба синни ҷавобгарии ҷиноятӣ нарасидааст (инчунин шахсоне, ки номукаллафанд);

- шахсе, ки ҷинояти содир кардаи ў бинобар қабули қонуни нав ҳамчун ҷиноят эътироф карда нашавад (кирдори ў декриминализатсия шуда бошад). Чунин шахсон аз ҳуқуқи сафедкунӣ маҳрум мебошанд, зеро онҳо дар ҳақиқат кирдори барои ҷамъият хавфнокро содир кардаанд.

Давраҳои сафедкунӣ. Сафедкунӣ ин амали мурофиавӣ буда, дорои давраҳои худ мебошад. Ин намуди фаъолият аз чунин давраҳо иборат аст:

- эътирофи ҳуқуки сафедкунӣ. Яъне санаде, ки дар асоси он парванда қатъ карда мешавад, бояд дар он нишон дода шуда бошад, ки шахс сафед карда мешавад;

- фиристодани узр аз ҷониби мақомоте, ки сафед кардааст (таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокукрор ва суд, судя) ба шахси сафедшаванда;

- шахси сафедшуда, баъди гирифтани санади сафедкунанда (қарор, таъинот, ҳукм ва ҳатто санаде, ки узр хоста шудааст) дар муҳлати даъво ба мақомоти дахлдор оид ба ҷуброни зарар муроҷиат мекунад;

- дар давоми як моҳ мақомоти сафедкарда оид ба ҳаҷми ҷуброни зарар қарор қабул намуда онро ба мақомотҳои дигари иҷтимоӣ (ҷои кор, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғ) мефиристад. Агар ҳумки айбдорӣ аз ҷониби суди болоӣ бо асосҳои сафедкунӣ бекор карда шуда бошад, дар ин ҳолат аз ҷониби суди поёние, ки ҳукми айдориро баровардааст, қарор дар бораи ҳаҷми ҷуброни зарар қабул карда мешавад

- агар сафедкунӣ аз ҷониби суд сурат гирад, дар ин ҳолат суд дар асоси муқаррароти моддаи 388-и КМҶ ҶТ қарор иҷро карда мешавад. Шахсони манфиатдор метавонанд аз болои ў шикоят ва эътироз биёранд.

- баъди гирифтани қарор дар бораи сафедкунӣ шахс ба мақомотҳои ӣчтимоӣ оид ба ҷуброни зарар муроҷиат менамояд. Қарори суд барои ҳама ҳатмӣ мебошад. Дар сурати иҷро накардани қарор шахси сафедшуда метавонад, ба суд муроҷиат намояд.

Аз ин муқарраротҳо маълум мегардад, ки сафедкунӣ дар ҳама давраҳои мурофиаи ҷиноятӣ имконпазир аст.

    

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06