Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

ҲУКМ

АЗ НОМИ ЧУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Суди ноҳияи Шаҳринав

Дар ҳайати раисикунанда:                                   Саидзода М.Ш.

бо котибии:                                                            Холмирзоева Ш.

Бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ :            Шарифзода М

 Дар мачлиси кушодаи сайёри судӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Чусти

н. Шаҳринав.           

« 12» июли    соли 2017-ум                  

            Парвандаи чиноятиро  бо айбдории Эргашев Наимҷон Юсуфович, санаи таваллудаш  2.03.1981 сол, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Шаҳринав, миллаташ узбек, маълумоташ миёнаи  махсус, ихтисосаш роҳиоҳанчӣ,оиладор соҳиби 6 фарзанд, муваққатан кор намекунад, пеш суд шуда доғи судияш барҳам хурдааст, сокини н.Шахринав, Ҷамоати деҳоти Чуст , деҳаи Баҳористон,  нусхаи хулосаи айбдориро рузи 30.06.2017 сол   гирифтааст, чораи пешгирияш аз 8.05.2017  сол забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли зист   татбиқ карда шудааст, дар содир намудани чинояти дар  м.177-и  КҶ Ҷумҳурии Точикистон  баррасӣ намуда, ба далелҳои дар мачлиси судӣ санчидашуда бахо дода суд чунин,-

М У А Й Я Н       К А Р Д:

         Судшаванда Эргашев  Н 10 сентябри соли 2006 бо шаҳрванд Хоҷаева Муҳайё Раҷабовна оила барпо намуда аз зиндагии якҷояашон соҳиби 2 фарзанд: Эргашева Нигорабону Наимҷоновна санаи таваллудаш 14 майи соли 2007 ва Эргашев Беҳруз Наимҷонович санаи таваллудаш 31 майи соли 2008 гардида, бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ соли 2008 аз ҳамсараш Хоҷаева М. Р. ҷудо шудааст, ки фарзандони ноболиғаш дар тарбия ва таъминоти собиқ ҳамсараш Хоҷаева М.Р. мондаанд.Дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Шаҳринав аз 27 январи соли 2014 оиди зиёд намудани маблағи алимент, аз ҳисоби Эргашев Н.Ю. ба манфиати Хоҷаева М.Р. барои таъминоти фарзандони ноболиғашон, ҳар моҳ бо таври устувор 200 сомонӣ муқаррар карда шудааст, аммо Эргашев Н.Ю. маблағи муқарраргардидаро аз моҳи октябри соли 2015 то ба имрӯз, ки муддати зиёда аз 16 моҳро ташкил медиҳад, бидуни сабабҳои узрнок пардохт накарда, аз таъминоти фарзандони ноболиғаш бадқасдона саркашӣ карда истодааст, ки маблағи пардохтнакардаи алимент айни ҳол 4800 сомониро ташкил медиҳад.

         Бо ин харакатхояш судшаванда Эргашев Н.Ю бидуни сабабхои узрнок бештар аз се мох аз  иҷрои карори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзанди ноболиг бадкасдона саркашӣ намудааст.

            Дар рафти мурофияи судӣ судшаванда Эргашев Н.Ю   ба гунохаш пурра икрор шуда, сидкан пушаймонӣ изхор намуда,ба тарики хаттӣ дархост пешниход намуда, пурсид, ки тафтишоти судӣ  ба тарики соддакардашуда бе тахкики далелхо баррасӣ карда шавад.Ин эътирофи ў маҷбурӣ нест. Ҳамчунин  чабрдида   иброз намуд, ки  ў розӣ аст, ки тафтишоти судӣ  ба тарики соддакардашуда бе тахкики далелхо гузаронида шавад.Айбдоркунандаи давлатӣ  низ  дархости зикрнамударо дастгир намуда, пурсид,ки он конеъ карда шавад.

Мутобики  талаботи кисми 1-и м.310-и КМЧ Ч Точикистон дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он ки оё эътирофи ў маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад, танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда ба музокираи судӣ гузарад.

Айни хол суд мукаррар намуд, ки эътирофи судшаванда Эргашев Н.Ю     дар содир намудани чиноят мачбурӣ набуда, аз чониби тарафхо он мавриди бахс карор нагирифта,чабрдида ва айбдоркунандаи давлатӣ,барои ба тарики соддакардашуда  гузаронидани тафтиши судӣ зид нестанд.Аз ин ру суд тибки талаботи кисми 1-и м.310-и КМЧ Ч Точикистон амал намуда лозим донист, ки дархости номбурдаро конеъ намуда,тафтишоти судиро ба тартиби соддакардашуда гузаронад.

Хамзамон суд  тибки талаботи кисми 2-и м.310-и КМЧ Ч Точикистон ба ба тарафхо фахмонид, ки даст кашидан аз таҳқиқи далелҳо боиси бо ин асосҳо имконнопазир шудани арзи  шикоят ё эътироз ба ҳукм мегардад.

Судшаванда  Эргашев Н.Ю  дар мачлиси судӣ худашро дар содир намудани чиноят пурра гунахкор шуморида, пушаймонӣ изхор намуд.

Суд харакатхои ўро бо м.177-и  КЧ Ч Точикистон бо аломатхои бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани падар  аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзанди ноболиғ банду баст менамояд.

Дар вакти таъин намудани чазо нисбати судшаванда Эргашев Н.Ю    суд хавфнокии чамъиятии чиноятро,ки касдона содир карда шудааст,принсипи фардикунонии чазоро, шахсияти судшавандаро,ки худашро дар содир намудани  чиноят гунахкор шуморида, пушаймони изхор намуданашро,  ба тафтишоти  пешакӣ ва судӣ барои халли объективонаи кор ёрӣ доданашро, соҳиби 6 фарзанди ноболиғ буданашро ба назар гирифт.

         Суд таъини чазои корхои хатмӣ ва корҳои ислоҳиро нисбати судшаванда Эргашев Н.Ю   мухокима намуда, лозим донист нисбати ӯ ин намуди чазоҳоро таъин накунад, зеро таъини ин намуди чазоҳо нисбати ӯ ноил шудан ба максади чазо шуда наметавонад.

         Бинобар асосхои болоӣ бо дастрасии м.  310,332-335,338, 339,341-344,347-348-и КМЧ Ч. Точикистон  суд чунин,-

Ҳ У К М       К А Р Д :

Эргашев Наимҷон Юсуфович  бо м.177-и  КҶ Ҷ Тоҷикистон гунаҳкор дониста шавад.

Ӯ  бо хамин модда  ба мухлати 1(як)сол  аз озодӣ маҳрум сохта шавад, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ .   

         Муҳлати адои ҷазои Эргашев Н.Ю аз рӯзи 12.07.2017 сол ба ҳисоб гирифта шавад.

         Чораи пешгирии  Эргашев Н.Ю       забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли зист  тағир дода шуда, у фавран аз толори судӣ ба ҳабс гирифта шавад.

Нисбати  хукм  дар муддати 10 (дах) шабонарўз, судшаванда бошад аз лаҳзаи гирифтани нусхаи ҳукм дар ҳамин муҳлат  ба воситаи хамин суд ба Суд Олии ҷ Тоҷикистон  шикоят ва ё эътироз баён намудан мумкин аст, ба истиснои асосхои яктарафа ё нопурра будани тафтиши судӣ ва мувофикат накардани хулосаи суд, ки дар хукм баён шудаанд ба холатхои вокеии парванда.

 

 

 

Раисикунанда:                               М. Саидзода.

 

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06