Slideshow Image 1
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 2
Slideshow Image 3
Slideshow Image 3

 

   ҲУКМ

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Суди ноҳияи Шаҳринав

Дар ҳайати раисикунанда:                                     Саидзода М.Ш.

Машваратчиёни халқӣ:                                          Зарипов О, Холматова Т

Бо котибии:                                                              Холмирзоева Ш.

Бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ:               Шарифзода М. 

Тарҷумон:                                                               Тоҷиддинзода А.

Дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои  ҷамоати деҳоти Сабои  ноҳияи Шаҳринав санаи «14»-уми июни  соли 2017-ум

Парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Абдусатторов Ғанӣ Абдусатторович, санаи таваллудаш 29.01.1977 сол, зодаи н. Шаҳринав, миллаташ узбек, маълумоташ миёнаи техникӣ, ихтисосаш ронанда-челонгар,аз оилааш ҷудо шудааст, соҳиби 2 фарзанд, якеаш ноболиғ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаблан суд нашудааст, кор намекунад, аъзои ягон ҳизб нест, сокини н. Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Бахтобод, нусхаи хулосаи айбдоркуниро рузи 27.05.2017  сол гирифтааст, чораи пешгирияш аз 16.05.2016 сол ба ҳабс  гирифтан татбиқ карда шуда, амалан 17.08.2016 сол  ба ҳабс гирифта шудааст, бо  м.32 қисми 3 моддаи 401 прим 1 ва моддаи 401 прим 1 -и   КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Ба далелҳои дар маҷлиси судӣ санҷидашуда, баҳо дода суд чунин,

 

МУАЙЯН  КАРД:

 

Судшаванда  Абдусатторов Ғ моҳи ноябри соли 2013-ум  барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, ҳангоми дар Федератсияи Россия буданаш моҳи майи соли 2015-ум ӯ бо воситаи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон бо тахаллуси "Абунуҳ" бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти террористӣ-экстримистии "Давлати Исломии Ироқу Шом" шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, дидаву дониста, ки ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона, воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, дар давраи моҳҳои сентябр-октябри соли 2015 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодбеки Ҷурабек ва Мухамадиев Муминҷон Рустамович, зода ва истиқоматкунандагони н.Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Бахтобод, ки дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, барои шомил шудан ба ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати Исломии Ироқу Шом" ҷалб намудааст, ки дар натиҷа Фарҳодбеки Ҷурабек баъдан барои "ҷиҳод" кардан ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтааст.

Бо ин ҳаракатхояш судшаванда Абдусатторов Ғ. ғайриқонунӣ  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодбеки Ҷурабек ва Мухамадиев Муминҷон Рустамовичро барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задӯхурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ҷалб намудааст.

         Инчунин судшаванда Абдусатторов Ғ. моҳи декабри соли 2015 баҳри амалӣ намудани мақсади худ оид ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан ва дар амалиёти ҷангӣ иштирок намуда "ҷиҳод" кардан бо ҳамдеҳааш Ҳаитқулов Баҳодур Худжамуродович. сокини н.Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Бахтобод бо воситаи телефони мобилӣ дар тамос шуда, аз ӯ роҳу усули ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтанро пурсон мешавад. Дар ин замина Ҳаитқулов Баҳодур Худжамуродович бо ҳаммаслакаш Ҳаитов Алишер Муротуллоевич сокини н.Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Чуст, деҳаи Узун ба ӯ рақами телефони мобилии аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати Исломии Ироқу Шом" бо номи  "Хайрулло"  шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон,  шахсияташ  ба тафтишоти пешакӣ ва судӣ  номаълум, ки дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия қарор дошт, дода, онҳоро шинос намудааст. Абдусатторов Ғ.А. бо "Хайрулло" ном шахс оиди роҳу усули ба Ҷумҳурии Сурияи Араб барои шомил шудан ба ташкилоти террористию-экстримистӣ ба ном "Давлати Исломии Ироқу Шом" маслиҳат намуда, 21 декабри соли 2015 тибқи нақшаи ҷинояткоронаи тарҳрезӣ кардаашон бо автомашинаи мусофиркаш дар якҷоягӣ бо Фарҳодбеки Ҷурабек сарҳади Федератсияи Россияро гузашта ба Ҷумҳурии Украина ва баъдан ба Ҷумҳурии Молдова шаҳри Кишинев меравад, ки дар ин ҳолат аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Молдова бинобар дар борхалтааш 5 адад шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони хориҷиро нигоҳ доштан, дастгир мегардад.Абдусатторов Ғ.А. аз намояндаи ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати Исломии Ироқу Шом" бо номи "Хайрулло" маблағи 4200 доллари ИМА интиқол додаашро қабул намуда 28 январи соли 2016 бо ҳамроҳии Фарҳодбеки Ҷурабек, бо воситаи ҳавопаймо аз шаҳри Кишиневи Ҷумҳурии Молдова ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия парвоз намудаанд.Ҳангоми онҷо будани Абдусатторов Ғ.А. санаи 16 феврали соли 2016 аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Туркия бо гумони шомил будан ба ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати Исломии Ироқу Шом" дастгир гардида, 16 июни соли 2016 бо тариқи маъмурӣ маҷбуран аз Ҷумҳурии Туркия хориҷ карда мешавад, дар натиҷа Абдусатторов Ғ.А. новобаста аз иродааш мақсади худро оиди ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан амалӣ карда натавонист.

          Бо ин ҳаракатҳояш Абдусатторов Ғ.А. сўйқасди иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳоро содир намудааст.

  Судшаванда Абдусатторов Ғ. дар маҷлиси судӣ худашро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳкор шуморида, пушаймонӣ изҳор намуда, чунин нишондод дод, ки дар ҳақиқат тахминан моҳи сентябри соли 2015 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон бо тахаллуси Абунуҳ, ки ӯро ташвиқу тарғибот мебурдааст ва аз ҳадисҳо дар хусуси ҷиҳод кардан далел пешниҳод мекардааст, мақсад доштаааст, ки бо ҳамроҳии Фарҳодбеки Ҷурабек барои шомил шудан ба ташкилоти террористию экстримистии "Давлати исломии Ироқу Шом" ба Ҷумҳурии Сурияи Араб барои ҷиҳод кардан равад. Худи Фарҳодбеки Ҷурабек қаблан мақсади шомилшавӣ ва ҷиҳод карданро доштааст. Бинобар сабаби он, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Абунуҳ дар хусуси ҳамчун "Наемник" шахсони зери таъсир ҷалбгардидаро бо маблағи 3000 доллари ИМА мефурухтааст ӯ ба хулоса омадааст, ки бо ин роҳу усул ҷиҳод кардан нодуруст аст. Ҳамин тариқ ӯ аз Фарҳодбеки Ҷурабек дар хусуси аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Бахтобод Ҳаитқулов Баҳодур, ки роҳу усули ба Ҷумҳурии Суряи Араб равон карданро медонистааст хабардор шудааст, Фарҳодбеки Ҷурабек бошад рақамҳои телефони мобилии ӯро дастрас намуда ба ӯ додааст, ӯ бошад ба рақамҳои телефони мобилии ӯ моҳи декабри соли 2015 занг зада дар хусуси ӯ ва Фарҳодбеки Ҷурабекро барои ба Ҷумҳурии Сурияи Араб равон кардан кӯмак расонидан хоҳиш кардааст. Ҳаитқулов Б. бошад рақамҳои телефони Ҳаитов Алишерро ба ӯ пешкаш намудааст ӯ ба Ҳаитов Алишер занг зада дар ин хусус пурсон шудааст, ки Ҳаитов Алишер иброз намудааст, ки агар дар ҳақиқат мақсади рафтан дошта бошад, як нафар шахс ба онҳо занг мезанад ва роҳу усули рафтанро мефаҳмонад. Ҳамин тариқ, ба рақамҳои телефонаш як нафар шахс бо номи "Хайрулло" аз рақамҳои Федератсияи Россия занг зада дар хусуси харидори намудани билет ва аз Фурудгоҳи Внукова ба Ҷумҳурии Туркия шаҳри Анталия парвоз кардан сухан кардааст. Ӯ бошад ба "Хайрулло" гуфтааст, ки бинобар як нафар дар Ҷумҳурии Молдова қарздор будан бояд ба онҷо равад ва маблағҳои пулиашро гирад, сипас номбурда ба ӯ гуфтааст, ки пас ҳангоми коратро анҷом додан дар тамос мешаванд. Фарҳодбеки Ҷурабек бошад ба ӯ гуфтааст, ки чиптаро гирифта бо воситаи ҳавопаймо ба Ҷумҳурии Туркия меравад, ӯ бошад ба номбурда гуфтааст. ки охирон маротиба ба ӯ бовар кунаду бо воситаи ҳавопаймо нараваду бо ӯ бо воситаи автомашинаи сабукрав шарик шуда ба Ҷумҳурии Молдова раванд, "Хайрулло" ба ӯ гуфтааст, ки агар ӯ бозпас ба шаҳри Москва баргардад,  6 адад шиносномаҳои хориҷӣ медиҳад ва дар онҳо қайдҳои воридоту содиротро гузошта бозпас гардонида миёрад ва барои ҳар як шиноснома 1000 рубли русӣ ваъда додааст. Ӯ ба ин пешниҳод розӣ шудааст ва 6 адад шиносномаро бо 6000 рубли русӣ Ҷурабекзода Фарҳод рафта аз дасти кадом шиносони Хайрулло гирифта омадааст. 24 декабри соли 2015 ӯ бо ҳамроҳии Ҷурабекзода Фарҳод ба Ҷумҳурии Молдова бо воситаи автомашинаҳои дар шабакаи интернетӣ эълонгардида ба сафар баромадааст.

Ҳангоми дар роҳ баромадан автомашинаашон корношоям гардидааст ва онҳо дар вақти муайяншуда расида натавонистаанд. Дар сарҳади Ҷумҳурии Украина 25 декабри соли 2015 шабона расидаанд. Дар онҷо ӯ ба Хайрулло занг задааст ва пурсон шудааст, ки корманди гумрукро навбаташ гузаштааст ва ӯ ба онҳо гуфтааст, ки як шаб истаду навбати он нафар боз мешавад. Ронандаи автомашина бошад ба онҳо гуфтааст, ки амакаш дар гумрук кор мекунад ва метавонад ба ивази маблағи муайян корро ҳал кунад ва ӯ аз Хайрулло пурсон шудааст, ки ин корро бо воситаи ронада ҳал кунад ё не, ки ӯ дар ҷавоб ба ӯ гуфтааст, ки агар кафолат диҳад пас майлаш. Ӯшиносномаҳоро ба ронандаи автомашина, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Молдова будааст дода ва ба Ҷумҳурии Молдова роҳсипор шудаанд ҳангоми дар роҳ рафтан ва ба сарҳади Ҷумҳурии Молдова расидан онҳоро кормандони гумрук боздошта автомашинаашонро азназар гузарониданд ва дар онҷо шиносномаҳоро дарёфт намудаанд ва пурсон шуданд, ки ин шиносномаҳо аз кӣ аст, ки ронада номи ӯро гуфтааст, кормандони гумрук шиносномаи ӯро гирифта як қоғаз доданд ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки санаи 27 декабри соли 2015 соати 16:00 дақиқа ба наздашон биёяд агар ҳуҷҷатҳо дуруст бошанд баргардонида шиносномаҳоро медиҳад. Ӯ бо ҳамроҳи Фарҳодбеки Ҷурабек ба хонаи қарздораш Андрей рафтаанд, ки ӯ дар хонааш набудааст, модараш бошад гуфтааст, ки ду руз боз гаштугузор дорад ва ба хона наомадааст ва аз модараш рақамҳои телефонашро пурсон шудааст, модараш гуфтааст, ки телефонаш кор намекунад ва як суроғаро ба онҳо дода гуфтааст, ки дар ҳамонҷо номбурдаро меёбанд, ӯ аз модари Андрей хоҳиш кардааст, ки бинобар ҷойи хоб надоштан онҳоро дар хонааш ҷой диҳад, ӯ бошад гуфтааст, ки равед агар ӯро наёбед баргашта биёед ҷояшонро ташкил мекунад. Ҳангоми Андрейро наёфтан баргашта омадаанд ва дар хонаи модари Андрей шаб истодаанд. Ҳангоми Андрей омадан ба онҳо 800 доллари ИМА дода боқимонда маблағашро бошад баъди 20-25 рӯз оиди баргардонидан ваъда додааст, ӯ 650 доллари ИМА-ро ба машуқаш Наташа равон кардааст. Дар санаи 27 декабри соли 2015 бо ҳамроҳии Андрей ба назди гумрукчиён рафтаанд, ки дар онҷо онҳо дар хусуси сохтакорона будани шиносномаҳо сухан карданд. Андрей бошад бо онҳо чи маслиҳате кардааст ва хоҳиш кардааст, ки соҳибони шиносномаҳоро дарёфт кунад ё ин, ки барои ҳар як шиноснома 1000 доллари диҳад. Ӯ бошад ба Хайрулло занг зада ҳолати корро гуфтааст, ки дар ҷавоб номбурда ба ӯ гуфтааст, ки агар сохтакорона бошад партофта биёяд, ӯ гуфтааст шиносномаи ӯро низ гирифтанд. Хайрулло гуфтааст, ки чиқадар маблағ диҳад кор ҳал мешавад, ӯ гуфтааст барои ҳар як шиноснома 1000 доллари ИМА, баъди 2 руз бошад 4000 доллари ИМА талаб карданд агар диҳанд кор ҳал мешавад. Ӯ бошад ба Ҳаитқулов Баҳодур бо воситаи шабақаи интернети дар хусуси ӯро бо шиносномаҳои қалбакӣ шиносони Алишер"Подставит" кардан сухан кардааст ва хоҳиш намудааст, ки ягон маблағ дарёфт намояд. Тахминан 5-6 январи соли 2016 шиноси Алишер бо номи Хайрулло 4200 доллари ИМА ба онҳо равон кардааст ва то санаи 15 январи соли 2016 дар хонаи Андрей будааст ва дар санаи 15 январи соли 2016 ба назди корманди полиси гумрук рафтааст, ки номбурда дар ҷои кораш набудааст. Сипас бо воситаи телефон ҳамсуҳбат шудааст, ки ӯ гуфтааст, ки бинобар бемор буданаш омада наметавонад ва дар санаи 18 январи соли 2015 ба наздаш рафта 4000 доллари ИМА-ро дода шиносномаҳоро бо воситаи қатора ба шаҳри Москва равон кардамаст. То санаи 27 январи соли 2016 интизорӣ кашидааст то ки Андрей маблағҳояшро диҳад, вале номбурда ба ӯ ягон маблағ надодааст ва ӯ маълумотҳои корти пластикиро ба ӯ дода бо Фарҳодбеки Ҷурабек рафтааст. 28 январи соли 2016 маълумотҳояшро бо номи Мухамадиев Абдуғанӣ ба Хайрулло додааст ва Хайрулло ба номи ӯ ва Фарҳод чипта аз самти Ҷумҳурии Молдова шаҳри Кишинев ба самти Ҷумҳурии Туркия шаҳри Истанбул харидорӣ намудааст, номбурда ба онҳо гуфтааст, ки дар онҷо онҳоро Сайфулло ном шахс пешвоз мегиранд ва ду шабонарӯз истироҳат карда баъдан ба Ҷумҳурии Сурияи Араб мераванд. Дар санаи 28 январи соли 2015 онҳо дар фурудгоҳи Истанбул фаромадаанд ва дар онҷо Абуҳамза ном шахс бо ҳамроҳии Сайфулло ном шахс, ки  сеюм нафарашро номашро дарёд надорад онҳоро пешвоз гирифтааст, ки яке аз он нафарон бо номи Абуҳамза шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст ва миллаташ тоҷик буд бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва туркӣ озодона ҳарф мезадааст.

Номбурда ба онҳо гуфтааст, ки ӯро дар як ҷой ва Фарҳодбеки Ҷурабекро дар дигар ҷой мегузоранд. Ҳамин тариқ, Фарҳодбеки Ҷурабекро аз фурудгоҳ 20-25 дақиқа роҳ фароварда ӯро бошад 10 дақиқа роҳ дуртар дар як хона, ки аз Қаҳор ном шахс шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон, ки бо ҳамроҳии аҳли оилааш зиндагонӣ мекардааст гузоштаанд. Дар хонаи истиқомати мазкур ду шабонарӯз хоб рафтааст ва бо ӯ ҳамсуҳбат шудааст, Абуҳамза бошад ба ӯ гуфтааст, ки дар ҳолати ӯро пурсон шаванд ягон маълумот пешниҳод накунад ва дар хусуси дар шустушуи автомашинаҳо кор кардан сухан кунад ва телефонашро бо худ гирифта рафтааст боз таъкид кардааст, ки худ телефони мобили миёрад. Ӯ ба Қаҳор дар хусуси дар ҷойи шустушуи мошинҳо кор кардан сухан кардааст, ки номбурда ба ӯ бовар накардааст. Баъди 3 руз Абуҳамза на худ омадааст ва на телефони мобилӣ овардааст, баъди 4 рӯз омадаасту боз телефони мобилӣ наовардааст, ӯ гуфтааст, ки номбурда ӯро фиреб кардааст ва телефони мобилӣ наовардааст сипас "Абуҳамза" ба ӯ гуфтааст, ки ба ӯ телефон лозим нест ба алоқа баромадан манъ аст, худро роҳбалади ӯ гуфтааст ва қайд кардааст, ки Абдусатторов Ғ.А. уҳдадор мебошад, ки номбурдаро гуш кунад аз рӯйи қоидаҳои мусулмонӣ. Сипас ӯ дар хусуси Фарҳодбеки Ҷурабек пурсон шудааст, номбурда ба ӯ гуфтааст, ки Фарҳодбеки Ҷурабек кӯдак нест ва ӯ ба онҳо мушкилӣ пайдо карда истодааст. Абуҳамза ном шахс ба ӯ гуфтааст, ки интизор шавад,  ӯро ба Ҷумҳурии Сурияи Араб равон мекунанд. Бинобар сабаби он, ки 16 феврали соли 2016 дар назди бозори Оксараевски шаҳри Истанбул як нафар шахсро парондан, кормандони полиси Туркия дар содир намудани ҷинояти терроризм ӯро гумонбар дониста дастгир намуда ба ҳабс гирифтанд ва то 13 майи соли 2016 дар маҳбасхона будааст ва нисбати ӯ тафтишоти пешакӣ вуҷуд доштааст, дар санаи 13 майи соли 2016 аз тарафи суди Ҷумҳурии Туркия ӯро озод намуданд ва ҷубронпулӣ ба маблағи 1800 доллари ИМА дода, дар хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ супориданд.  Дар санаи 16 июни соли 2016 ӯро ба Ҷумҳурии Украина бо тариқи маҷбурӣ хориҷ карданд яъне депортатсия карданд, ки ӯ дар Ҷумҳурии Украина шаҳри Харков то санаи 17 август ба тиҷорат машғул будааст, ки ӯро дастгир намуданд ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карданд.Дар ҳақиқат вай ният дошта  будааст, бо мақсади ҷиҳод намудан ба давлати Сурия гузарад, аммо вайро дастгир намуда будаанд.Дар ҳақиқат вай Муҳаммадиев М ва Фарҳодбеки Ҷурабекро барои ба давлати Сурия рафтан ҷалб намуда будааст, оиди ғояҳои давлати Исломӣ ва ба онҳо гуфта будааст, аз шабакаи интернетӣ намоишҳои Давлати Исломиро нишон медодааст ва доимо мегуфтааст, ки ҷиҳод ҳақ аст, он фарз аст, намозҳоро сари вақт хонанд.Дар рафти тафтишоти пешакӣ вай ба маънои ҷалб намудан сарфаҳм нарафта худашро қисман гунаҳкор шуморида, нишондод дода будааст, ки вай Муҳаммадиев М ва Фарҳодбеки Ҷурабекро  барои ба давлати Сурия бо мақсади ҷанг намудан  ҷалб накардааст.

Ба ғайр аз пурра худиқрории судшаванда Абдусатторов Ғ суд гуноҳи ӯро  дар содир намудани ҷиноятҳо бо маҷмуи далелҳои зерини  дар маҷлиси судӣ санҷидашуда,исботёфта меҳисобад.Чунончи:

Шоҳид Мухамадиев М. дар маҷлиси судӣ чунин нишондод дод, ки ӯ 26 марти соли 2015 барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия шаҳри Москва рафта будааст. Дар онҷо ҷойи хобаш дар дохили вагон бо язнааш, Ҳакимҷон ном шахс будааст, тахминан моҳи октябри соли 2015 ӯ ба назди тағояш Абдуссаторов Ғанӣ Абдусатторович, ки дар хонаи машуқааш бо номи Оксана шаҳрванди Федератсияи Россия, воқеъ дар истгоҳи метро бо номи "Молодежный" рафтааст, дар онҷо муддати 2 моҳ бо тағояш Абдусатторов Ғанӣ зиндагонӣ мекардааст, ҳангоми бо тағояш Абдусаторов Ғ.А. хӯрок хурдан суҳбат мекардааст ва дар хусуси ҳақ будани ҷиҳод дар Давлати Сурияи Араб тағояш сухан намуда фикру ақидаҳои шахсони дар Сурия бударо тарафдорӣ менамудааст, тағояш ӯро низ даъват мекардааст, ҳангоми дар бинои бисёрошиёна ба таъмири дохилии хона машғул будаанд дар онҷо бо дигар кормандони сохтмончӣ намозгузорӣ мекардаанд, вале он нафаронро дар хусуси шомилшавӣ ба ташкилоти террористии "Давлати исломии Ироқу Шом" даъват намекардааст. Дар он ҷо Фарҳодбеки Ҷурабек низ бо тағояш Абдусатторов Ғанӣ будааст, ки ӯро низ барои шомилшавӣ даъват менамудааст ва онҳо ҳарду мақсади барои ҷиҳод кардан ба давлати Сурия рафтанро доштанд. Инчунин ҳангоми даъват намудани  ба ӯ адабиётҳо пешкаш мекардаанд, ки он бо забони узбекӣ навишташуда, дар хусуси шомил гардидан ба ташкилоти террористию экстремистии "Давлати исломии Ироқу Шом"ва иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳона оварда шуда будааст, ки дар лаҳзаи шинос шудан ба ин адабиётҳо боварии ӯ қариб, ки омада будааст, вале ӯ ба модараш занг зада иброз намудааст, ки тағояш ӯро ташвиқу тарғиб ва мақсади ҷалб намудан ба ташкилоти террористию экстремистӣ дорад, модараш бошад ба ӯ таъкид кардааст, ки дигар бо тағояш Абдусатторов Ғанӣ суҳбат накунад ва чипта дастрас намуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта биёяд, ниҳоят 12 декабри соли 2015 ӯ баргашта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. Баъди баргашта омадан дар деҳаашон бо Ҳаитқулов Баҳодур Хуҷамуродович вохурда ҳангоми суҳбат кардан бо Ҳаитқулов Баҳодур ӯ аз Ҳаитқулов Баҳодур дар хусуси ҳақ будани ҷиҳод дар Сурия пурсон шудааст, дар ҷавоб Баҳодур ба ӯ гуфтааст, ки ингуна гапҳоро дар ҳарҷо гуфта наметавонад, вале ӯ худи буда ба ӯ гуфтааст, ки ҷиҳод дар Сурия ҳақ мебошад ва иштироки ҳамаашон дар онҷо ҳатмӣ аст. Баъдан ӯ дар хусуси тағояш Абдусатторов Ғанӣ, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштааст ва айнан ба монанди ӯ сухан мекардааст, гуфтааст.

Ҳаитқулов Баҳодур тахминан як моҳ бо ӯ намоз мегузоштааст ва дар хусуси шомил гардидан ба ташкилоти экстримистию террористии "Давлати исломии Ироқу Шом" сухан мекардааст. Тахминан охирҳои моҳи декабри соли 2015 ё аввалҳои моҳи январи соли 2016 тағояш Абдусатторов Ғанӣ ба телефони мобилии модараш занг зада аз ӯ пурсон шудаааст, модараш телефони мобилиашро ба ӯ дода тағояш Абдусатторов Ғанӣ дар хусуси кушодани масчид ва дар онҷо намозгузорӣ сухан кардааст, боз гуфтааст, ки "Хайр ҷиян дар паноҳи худо бош ман ба Ватан рафта истодаам" баъди ин суханон телефонро хомуш кардааст. Модараш аз ӯ пурсон шудааст, ки Абдусатторов Ғанӣ чӣ гуфт ва дар ҷавоб ӯ гуфтааст, ки Абдусатторов Ғ. мақсади ба Давлати Сурияи Араб барои ҷиҳод рафтанро дорад ва модараш симкорти телефонашро бароварда пора-пора кардааст. Сипас модараш рақамҳои телефонашро иваз намудааст. Тахминан охирҳои моҳи январи соли 2016 Ҳаитқулов Баҳодур ба наздаш омада ба ҷойи паноҳ ӯро бурда, дар хусуси Ғаниро дар Ҷумҳурии  Молдова дастгир кардан сухан кардааст ва барои ӯро раҳо додан маблағи 500 доллари ИМА лозим будан иброз намудааст, дар ҷавоб ӯ гуфтааст, ки ягон маблағ надорад, дар ин маврид  ба назди дарвоза модараш омадааст, ки Ҳаитқулов Баҳодур саросема аз назди дарвоза гурехтааст.Тахминан 12 феврали соли 2017 тағояш Абдусатторов Ғанӣ ба телефони мобилии амакаш Муҳамадиев Холмурод рақамҳои 939013523 занг зада иброз намудааст, ки дар Ҷумҳурии Украина маҳбасӣ шуда будааст ва айни ҳол озод гардида мехоҳад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардад. Боз аз хоҳару бародаронаш аҳволпурсӣ намуда, сипас телефонро хомуш кардааст.Тағояш Абдусатторов Ғанӣ ӯро ҳангоми ҳамсуҳбат шудан ба ташкилоти терористию экстримистии "Давлати исломии Ироқу Шом" ҷалб намуда барои ҷиҳод кардан даъват намуда будааст.

Шоҳид Муҳамадиев О  . дар маҷлиси судӣ чунин нишондод дод, ки дар ҳақиқат 8 апрели соли 2016 бародараш Мухамадиев Холмурод бо ариза ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бародараш Абдусатторов Ғанӣ Абдусаторович ба ташкилоти экстримистию террористии "Давлати исломии Ироқу Шом"шомил гардидан ва дар худ ғояҳои диннӣ ҷиҳод намудан пайдо гардидан муроҷиат намудааст ва хоҳиш кардааст, ки бародарашро аз ин вабои пайдогардида бароранд. То моҳи ноябри соли 2015 бародараш Ғанӣ ба телефони мобилиаш моҳе як маротиба занг мезадааст ва мегуфтааст, ки бо шаҳрванди Федератсияи Россия оила барпо намуда соҳиби 1 фарзанд (духтарча) гардидааст. Писараш Муҳамадиев Муминҷон Рустамович 26 марти соли 2015 барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия шаҳри Москва рафта будааст. Дар онҷо ҷойи хобаш дар дохили вагон бо язнааш Ҳакимҷон будааст, тахминан моҳи октябри соли 2015 ӯ барои дидорбинии тағояш Абдуссаторов Ғанӣ Абдусатторович ба хонаи иҷоравиаш рафтааст, дар онҷо ҳангоми бо Абдусаторов Ғ.А. хурок хурдан суҳбат мекардааст ва дар ин маврид Абдусатторов Ғ.А. дар хусуси ҳақ будани ҷиҳод дар Давлати Сурияи Араб сухан кардааст ва фикру ақидаҳои шахсони дар Сурия бударо тарафдорӣ намудааст, писараш Муҳамадиев Муминҷон Рустамовичро низ даъват мекардааст, ки ба ташкилоти террористӣ ва экстримистии "Давлати исломии Ироқу Шом" шомил шавад ва мегуфтааст, ки барои рафтан ба давлати Сурияи Араб мусоидат мекунад. Аз гуфтаи писараш Муҳамадиев М.Р. ҳангоми даъват намудан ба номбурда адабиётҳо пешкаш мекардааст, ки он бо забони узбекӣ навишташуда, дар хусуси шомил гардидан ба ташкилоти террористӣю экстримистии "Давлати исломии Ироқу Шом"ва иштирок дар задохурдҳои мусаллаҳона оварда шуда будааст, ки дар лаҳзаи шинос шудан ба ин адабиётҳо боварии писараш Муҳамадиев М.Р. қариб, ки омада будааст, вале охирин ба ӯ занг зада иброз намудааст, ки тағояш ӯро ташвиқу тарғиб бурда мақсади ҷалб намудан ба ташкилоти террористию экстримистӣ дорад, ӯ бошад ба номбурда таъкид кардааст, ки дигар бо тағояш Абдусатторов Ғанӣ суҳбат накунад ва чипта дастрас намуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта равад, ниҳоят 12 декабри соли 2015 Муҳамадиев Муминҷон баргашта омадааст. Баъди баргашта омадан дар деҳаашон бо Ҳаитқулов Баҳодур Хуҷамуродович вохурда номбурда Мухамадиев Муминҷонро ташвиқу тарғиб бурда ҷиҳодро тарафдорӣ мекардааст ва писараш Мухамадиев Муминҷонро барои ба давлати Сурияи Араба равон кардан мусоидат намудан сухан мекардааст, писараш Муҳамадиев Муминҷон бошад бо номбурда намоз мегузоштааст ва ҳангоми суҳбат кардан бо Ҳаитқулов Баҳодур писараш Муҳамадиев Муминҷон ба Ҳаитқулов Баҳодур дар хусуси тағояш Абдусатторов Ғанӣ, ки дар шаҳри Москва қарор дошта, айнан ба монанди номбурда сухан мекардааст иброз намудааст ва пурсон шудааст, ки оё ҷиҳод дар Сурия ҳақ ва дуруст аст? Дар ҷавоб Баҳодур ба ӯ гуфтааст, ки ингуна гапҳоро дар ҳарҷо гуфта наметавонад, вале ӯ худи буда ба ӯ мегуяд, ки ҷиҳод дар Сурия ҳақ ва дуруст аст.Ҳаитқулов Баҳодур тахминан як моҳ бо писараш Муҳамадиев Муминҷон намоз мегузоштааст ва дар хусуси шомил гардидан ба ташкилоти экстримистӣ ва террористии "Давлати исломии Ироқу Шом" сухан кардааст. Тахминан охирҳои моҳи декабри соли 2015 ё аввалҳои моҳи январи соли 2016 бародараш Абдусатторов Ғанӣ ба телефони мобилии ӯ занг зада аз Муҳамадиев Муминҷон пурсон мешавад ва ӯ телефони мобилиашро ба писараш дода бародараш Абдусатторов Ғанӣ дар хусуси кушодани масчид ва дар онҷо намозгузорӣ сухан кардааст, боз мегуяд, ки "Хайр ҷиян дар паноҳи худо бошед ман ба Ватан рафтаистодаам" баъди ин суханон телефонро хомуш мекунад. Ӯ аз Муминҷон пурсон шудааст, ки Ғанӣ чӣ гуфтааст ва дар ҷавоб фаҳмидам, ки Ғанӣ мақсади ба Сурияи Араб барои ҷиҳод рафтанро дорад ва симкорти телефонашро бароварда пора-пора кардааст. Сипас ӯ рақамҳои телефонашро иваз намудам. Аз суханони писараш Мухамадиев Муминҷон тахминан охирҳои моҳи январи соли 2016 фаҳмидааст, ки  Ҳаитқулов Баҳодур ба наздаш омада ба ҷойи паноҳ бурда, дар хусуси Ғаниро дар Ҷумҳурии Молдова дастгир кардан сухан мекунад ва барои ӯро раҳо додан маблағи 500 доллари ИМА лозим будааст, дар ҷавоб писараш мегуяд, ки ягон маблағ надорад, дар ин маврид ӯ ба назди дарвоза омадааст, ки Ҳаитқулов Баҳодур саросема аз назди дарвоза гурехтааст.

12 феврали соли 2017 бародараш Абдусатторов Ғанӣ ба телефони мобилии бародарам Муҳамадиев Холмурод рақамҳои 939013523 занг зада иброз намудааст, ки дар Ҷумҳурии Украина маҳбасӣ шуда будааст ва айни ҳол озод гардида мехоҳад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардад. Боз аз хоҳару бародаронаш аҳволпурсӣ намуда, сипас телефонро хомуш кардааст. Ӯ қайд кардааст, ки бародараш Абдусатторов Ғанӣ писараш Муҳамадиев Муминҷонро ҳангоми ҳамсуҳбат шудан ба ташкилоти терористию экстримистии "Давлати исломии Ироқу Шом" ҷалб намуда барои ҷиҳод кардан даъват кардааст.

Айнан чунин нишондод шоҳидон Муҳамадиев Тура Абдусаторович, Муҳамадиев Холмурод Абдусаторович ва Холов Хайридин Зуҳурович дар маҷлиси судӣ доданд.

         Шоҳид Қараев Ҷ . дар маҷлиси судӣ чунин нишондод дод, ки ӯ аз соли 2013 то соли 2015 дар беморхонаи марказии н.Шаҳринав ҳамчун ронандаи маркази СПИД кор мекардааст. Бинобар хонаи истиқоматӣ сохтмон кардан ва аз бонк қарздор шуданаш, писараш Фарҳодбеки Ҷурабек ба ӯ пешниҳод намудааст, ки барои бозпас баргардонидани қарзи бонкиашон ба ӯ иҷозат диҳад, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равад, ӯ ба пешниҳоди ӯ розӣ шуда моҳи марти соли 2015 ба Федератсияи россия шаҳри Москва бо воситаи ҳавопаймо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Дар Федератсияи Россия шаҳри Москва бо тариқи кироя дар як объекти сохтмонӣ кору фаъолият, истиқомат мекард ва дар онҷо бо ҳамроҳии бародараш Қараев Ихтиёр зиндагонӣ мекардааст. Бародараш Қараев Хайрулло ба ӯ пешниҳод намудааст, ки бо ҳамроҳии ӯ ба Федератсияи Россия ба шаҳри Москва барои муҳоҷирати меҳнатӣ равад, ӯ ба пешниҳоди номбурда розӣ шуда 3 майи соли 2015 бо воситаи фурудгоҳи Хуҷанд ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия парвоз карда рафтааст. Дар шаҳри Москваи Федератсии Россия бо писараш Фарҳодбеки Ҷурабек вохурдам ва дар онҷо муддати 6 моҳ дар як объекти сохтмонӣ кор мекардаанд. Моҳи майи соли 2015 Абдусатторов Ғанӣ Абдусатторович ба назди ӯ омада саломуалек намуда аҳволпурсӣ кардааст, ӯ дар ҳамон вақт ришҳои ҷингилашакл гузошта, дар хусуси намозгузориаш пурсон шудааст, ӯ ба номбурда гуфтааст, ки намозҳоямшро саривақт мехонад, сипас Абдусатторов Ғ.А. аз ӯ пурсон шудааст, ки сабаби риш нагузоштанаш дар чӣ аст ва эрод дода дар хусуси риш гузоштан ба мисли ӯ таъкид кардааст, ӯ бошам ба номбурда гуфтааст, ки риш гузоштан ва нагузоштан ин корӣ ӯ буда номбурда бошад кори худашро кунад. Қайд кардааст, ки риш гузоштан ин кирдори намунавӣ нест, балкӣ рафтори дуруст доштан мебошад. Ҳамин тариқ Абдусатторов Ғ.А. қариб, ки ҳар рӯз ба назди онҳо меомадааст ва аз хуроки онҳо истеъмол мекардааст ва ҳангоми кор карданашон дар хусуси саривақт намозгузорӣ сухан мекардааст ва ҷавононро ҳаргуна сиёсат мекардааст. Ӯ бошад барои кор кардан ва оворагардӣ накардан номбурдаро таъкид мекардааст, вале Абдусатторов Ғ.А. бошад аз кор кардан ва бо меҳнати ҳалол ба даст овардани маблағ саркашӣ мекардааст. Тахминан моҳи августи соли 2015 ӯ аз Абдусатторов Ғ.А. дар хусуси писари Ҳамзаев Абдухолиқ бо номи Ҳамзаев Зиёдулло, ки ба падараш дар хусуси ба шаҳри Москва ба назди бародари ӯ яъне Қараев Хайрулло пурсон шудааст, ки дар ин ҳолат Абдусатторов Ғ.А. хандакунон иброз намудааст, ки Зиёдулло ба Давлати Сурияи Араб барои ҷиҳод кардан рафтааст. Ӯ бошад бовар накардааст, ки Абдусатторов Ғ.А. дар хусуси ба Давлати Сурияи Араб рафтани Зиёдуллоро медонистааст. Баъдан ӯ мушоҳида кардааст, ки Абдусатторов Ғ.А. дар дасташ телефони навъи "Смартфон" ба кормандони дар объекти сохтмони кор карда истода наворҳои видеоии ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати исломии Ироқу Шом", ки дар даст парчамҳои сиёҳ, либосҳо ва ниқобҳои сиёҳ дошта бо силоҳи оташфишон гӯё ҷиҳод мекунанд нишон медодааст ва аз ҳаракатҳои онҳо пуштибонӣ намуда сухан мекардааст, ки  ҳама бояд ҷиҳод кунанд, дар ҳамин ҳолат ӯ ба Абдусатторов Ғ.А. иброз намудааст, ки ин наворҳоро ба онҳо нишон надиҳад ва аз пеши онҳо дур шавад. Баъди ин ӯ ду маротиба яъне тахминан моҳи сентябри соли 2015 ба назди ӯ омада дар хусуси писараш Фарҳодбеки Ҷурабекро ба хонааш барои аз хонааш қолинро баровардан пурсидааст, ки ӯ иҷозат додааст, маротибаи дуюм бошад боз пурсидааст бо баҳонаи он, ки Фарҳодбекро ба хонааш барои ҳамом кардан мебарад, вале онҳо тез баргашта омаданд яъне баъди 30 дақиқа бозпас гашта омаданд.Ҳамин тариқ, то 26 октябри соли 2015 писараш Фарҳодбеки Ҷурабек бо ҳамроҳии ӯ дар дохили хонаи истиқоматии иҷорагирифташуда зиндагонӣ мекардаанд, ӯ бошад баргашта ба ноҳияи Шаҳринав омадааст. Баъд аз рафтани ӯ Мухамадиев Муминҷон аз ҳолати набудани ӯ истифода намуда омада дар хонаи истиқоматии иҷоравии писараш бо ҳамроҳаш меистад. Абдусатторов Ғ.А. бошад дар ин муддат бо ҳамроҳии Фарҳодбеки Ҷурабек истода ӯро бо ҳар роҳу усул ба ташкилоти террористию-экстремистии "Давлати исломии Ироқу Шом" ҷалб мекунад. Ба ғайр аз ин Абдусатторов Ғ.А. бо ҳар роҳу усул дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз қабили Қосимов Муҳриддин Раҳимқуловичро, ки сокини деҳаи Бахтободи ноҳияи Шаҳринав буд, низ ҷалб кардааст, ӯ дар зери гулуи Муҳриддин корд гузошта ба ӯ дар хусуси намозгузорӣ ва барои ҷиҳод кардан ҷалб намудааст.

         Баъди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданаш охирон маротиба 15 январи соли 2016 бо писараш Фарҳодбеки Ҷурабек ҳамсуҳбат шудааст, ки   ӯ  ба вай дар хусуси дар Федератсияи Россия будан сухан кардааст, вале бинобар рақамҳояш ноайён будан ӯ пурсон шудааст, ки номбурда дар куҷост, ки дар ҷавоб ӯ  ба вай гуфтааст, ки телефони мобилӣ надорад ва аз телефони мобилии рафиқаш истифода мебарад, баъдан ӯ хабардор шудааст, ки Фарҳодбеки Ҷурабек дар Ҷумҳурии Молдова будааст ва Абдусатторов Ғ.А. ӯро ба ташкилоти террористию-экстремистии "Давлати исломии Ироқу Шом" ҷалб намудааст ва бо худ то Ҷумҳурии Туркия бурда дар онҷо ба намояндагони "ДИИШ" супоридааст.

         Шоҳид Қосимзода М. дар маҷлиси судӣ чунин нишондод дод, ки 30 сентябри соли 2015 такроран барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия шаҳри Москва рафтааст ва дар онҷо дар як объекти сохтмонӣ бо Ҳоҷи Хайрулло, Фарҳодбеки Ҷурабек ва падараш Қараев Ҷура ба корҳои сохтмони машғул будаанд.  Дар ҳақиқат дар вақти иҷрои корҳои сохтмониашон Абдусатторов Ғанӣ Абдусатторович доимо ба объекти сохтмонӣ яъне ҷойи фаъолияти кориашон омада ба назди Фарҳодбеки Ҷурабек мерафтааст. Ӯ бо Фарҳодбеки Ҷурабек доимо дар хусуси дини ислом суҳбат мекарданд. Абдусатторов Ғанӣ бо ӯ саломуалейк мекардааст ва доимо Фарҳодбеки Ҷурабекро бо худ бурда, аз кор дур мекардааст. Абдусатторов Ғ.А. ришҳои ҷингила дошт ва як маротиба ба назди ӯ омада оиди намозгузорӣ карданаш пурсон шудааст, ӯ бо мақсади аз муҳокимаи охирин дур шудан розӣ мешудааст, ӯ борҳо такрор мекардааст, ки вай намозгузорӣ кунад, ва иброз мекардааст, ки агар ӯ намоз нахонад бо ӯ гап задан ҳаром аст, ӯ бошад гуфтааст, ки ба гап заданаш эҳтиёҷ надорам. Сипас номбурда ба ӯ гуфтааст, ки минбаъд ҳангоми ба назди Фарҳодбеки Ҷурабек омаданаш кордор нашавад. Ӯ бошад ба гуфтаи ӯ розӣ шудааст ва ду рӯз баъд ба назди додараш ба шаҳри Истраи Федератсияи Россия рафтааст.

Шоҳидон  Ҳаитқулов Б ва Ҳаитов А  бо сабаби таҳти ҳабс қарор доштанашон ба маҷлиси судӣ ҳозир нашуданд. Нишондоди додаи шоҳид Ҳаитқулов Б (в.к 145-154) шоҳид Ҳаитов А  (в.к 161-171) хонда эълон карда шуд, ки онро судшаванда тасдиқ намуданд.

Аз протоколи рӯбарӯкунӣ аз 5.05.2017 сол , ки байни Абдусатторов Ғ ва Муҳамадиев М гузаронида шудааст  маълум мешавад, ки Абдусатторов Ғ нишондодҳои Муҳамадиев М-ро тасдиқ намудааст.(в.к 125-129).

 Ҳамин тариқ дар асоси далелҳои ҷамъовардашуда суд ба хулоса омад, ки судшаванда  Абдусатторов Ғ моҳи ноябри соли 2013-ум  барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, ҳангоми дар Федератсияи Россия буданаш моҳи майи соли 2015-ум ӯ бо воситаи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон бо тахаллуси "Абунуҳ" бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати Исломии Ироқу Шом" шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, дидаву дониста, ки ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона, воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, дар давраи моҳҳои сентябр-октябри соли 2015 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодбеки Ҷурабек ва Мухамадиев Муминҷон Рустамович, зода ва истиқоматкунандагони н.Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Бахтобод, ки дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, барои шомил шудан ба ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати Исломии Ироқу Шом" ҷалб намуд, ки дар натиҷа Фарҳодбеки Ҷурабек баъдан барои "ҷиҳод" кардан ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтааст.

         Инчунин судшаванда Абдусатторов Ғ моҳи декабри соли 2015 баҳри амалӣ намудани мақсади худ оид ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан ва дар амалиёти ҷангӣ иштирок намуда "ҷиҳод" кардан бо ҳамдеҳааш Ҳаитқулов Баҳодур Худжамуродович. сокини н.Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Бахтобод бо воситаи телефони мобилӣ дар тамос шуда, аз ӯ роҳу усули ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтанро пурсон мешавад. Дар ин замина Ҳаитқулов Баҳодур Худжамуродович бо ҳаммаслакаш Ҳаитов Алишер Муротуллоевич сокини н.Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Чуст, деҳаи Узун ба ӯ рақами телефони мобилии аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати Исломии Ироқу Шом" бо номи  "Хайрулло", шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон,  шахсияташ  ба тафтишоти пешакӣ ва судӣ  номаълум,ки    дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия қарор дошт, дода, онҳоро шинос намудааст. Судшаванда Абдусатторов Ғ.А. бо "Хайрулло" ном шахс оиди роҳу усули ба Ҷумҳурии Сурияи Араб барои шомил шудан ба ташкилоти террористию-экстремистӣ ба ном "Давлати Исломии Ироқу Шом" маслиҳат намуда, 21 декабри соли 2015 тибқи нақшаи ҷинояткоронаи тарҳрезӣ кардаашон бо автомашинаи мусофиркаш дар якҷоягӣ бо Фарҳодбеки Ҷурабек сарҳади Федератсияи Россияро гузашта ба Ҷумҳурии Украина ва баъдан ба Ҷумҳурии Молдова шаҳри Кишинев меравад, ки дар ин ҳолат аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Молдова бинобар дар борхалтааш 5 адад шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони хориҷиро нигоҳ доштан, дастгир мегардад. Судшаванда Абдусатторов Ғ.А. аз намояндаи ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати Исломии Ироқу Шом" бо номи "Хайрулло" маблағи 4200 доллари ИМА интиқол додаашро қабул намуда, 28 январи соли 2016 бо ҳамроҳии Фарҳодбеки Ҷурабек, бо воситаи ҳавопаймо аз шаҳри Кишиневи Ҷумҳурии Молдова ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия парвоз намудаанд.Ҳангоми онҷо будани Абдусатторов Ғ.А. санаи 16 феврали соли 2016 аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Туркия бо гумони шомил будан ба ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати Исломии Ироқу Шом" дастгир гардида, 16 июни соли 2016 бо тариқи маъмурӣ маҷбуран аз Ҷумҳурии Туркия хориҷ карда мешавад, дар натиҷа Абдусатторов Ғ.А. новобаста аз иродааш мақсади худро оиди ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан амалӣ карда натавонист.

Аз ин рў суд ҳаракатҳои судшаванда Абдусатторов Ғ -ро бо м.32 қисми 3 моддаи 401 прим 1 ва моддаи 401 прим 1 -и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломатҳои суиқасд ба иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задӯхурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задӯхурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо банду баст менамояд.

Дар вақти таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда Абдусатторов Ғ . суд хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро, ки бадқасдона содир карда шудааст, принсипи фардикунонии ҷазоро,  ба гуноҳаш пурра иқрор буда, пушаймонӣ изҳор намуданашро, аз ҷойи зисташ ахлоқномаи мусбӣ доштанашро, ба тафтишоти судӣ барои ҳалли объктивонаи парванда ёрӣ доданашро ба назар гирифта, лозим донист дар доираи раводиди м.401 прим 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо таъин намояд.

Бинобар асосхои болоӣ бо дастрасии м. 332-335,338, 339,341-344,347-348-и КМЧ Ч. Точикистон  суд чунин,-

   Ҳ У К М   КА Р Д :

Абдусатторов Ғанӣ Абдусатторович бо моддаҳои 32 қисми 3 м.401  прим 1 ва м.401  прим 1  -и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунахкор дониста шавад.

  Абдусатторов Ғанӣ Абдусатторович бо моддаи 32 қисми 3 м.401 прим 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол аз озодӣ маҳрум сохта шавад.

Абдусатторов Ғанӣ Абдусатторович бо м.401  прим 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 13 (сенздаҳ) сол  аз озодӣ маҳрум сохта шавад.

 Бо дастрасии қисми 3-и м.67-и КҶ Ҷ. Тоҷикистон аз рӯи маҷмуи ҷиноятҳо   бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ нисбати Абдусатторов Ғанӣ Абдусатторович ба муҳлати 14 (чордаҳ) сол  маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шавад, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт.

Муҳлати адои ҷазои Абдусатторов Ғанӣ Абдусатторович  аз рӯзи 17.08.2016 сол ба ҳисоб гирифта шавад.

Чораи пешгирии Абдусатторов Ғанӣ Абдусатторович  ба ҳабс гирифтан мисли пештара бе тағйир монда шавад.

Нисбати  хукм  тарафхо дар муддати 10 (дах)шабонарӯз судшаванда бошад аз лаҳзаи гирифтани нусхаи ҳукм дар ҳамин муҳлат  ба воситаи хамин суд ба Суди  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва ё эътироз баён намуда метавонанд.  

 

 

Раисикунанда:                                                                       М. Саидзода                                                                                

 

Машваратчиёни халқӣ:                                                         Зарипов О

                                                                                                    Холматова Т.

  © Суди ноҳияи Шаҳринав. 735030, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, кӯчаи М. Турсунзода 52
     Телефонҳои боварӣ: (+992 8155) 31-4-94, (+992 8155) 32-1-06